ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Фев 18 2021

 

. Наҷмиддин Худоиев,сокини ш.Душанбе ва корманди МБТ-и пойтахт меҳмони идораи газетаи мо гардида, зимни суҳбат аз шаҳрвандони азиз хост, ба ҳуҷҷатгузориҳои амволашон, аз қабили хонаву замин, диққати ҷиддӣ диҳанд, то ба доми фиребгару ҳаннотон наафтанд: 

   - Ман худам дар МБТ-и шаҳр кор карда, ҳар рӯз чандин корафтодаеро мебинам, ки бо сабаби беэътиноӣ ба асноди амволаш имрӯз гирифтори мушкил гардидааст. Шаҳрвандонро зарур аст, ки хонаву замини худро ба таври дуруст ҳуҷҷатгузорӣ кунанд, то дар оянда ба дарди сар наафтанд. Ҳастанд афроде, ки хонаи меросиро бо дуои акаву додар гирифтаанду имрӯз онҳо хонаро кашида тақсим карданиянд ва ғ. ва ҳ. Бовар кунед, дар ҳуҷҷатгузории хонаву даратон ҳатто ба фарзанди падар бовар накунед, чӣ расад ба бегона...

 

Чоршанбе, Фев 10 2021

Раҳмат Шералиев омӯзгор, сокини ш.Душанбе меҳмони редаксияи мо шуд ва гуфт: 

   - Дар шумораи 4-уми СССР хондам, ки лӯлиён тамоми заҳамоти Ҳукумати марказиро сирф мекунанд. Ин тоифа аз қадим бо заргариву оҳангарӣ машғул буданд, ҳоло бошад фақат талабандагиро касб кардаанд. Нанговар аст, ки лӯлиёни Ӯзбекистону Қирғизистон дар шиносномаҳояшон Тоҷик муаррифӣ шаванд, ки ин бисёр кори ғалат аст. Дар Россия низ сари ҳар вақт суол мекунанд, ки «ты из каких Таджиков?». Сабаби афзоиши сафи лӯлиён дар он аст, ки дар ин қавм 1 мард ҳаққи аз 2 то 4-5 зан доштанро дорад, ки ин аз тарафи давлат назора карда намешавад. Яъне, онҳо гӯё шаҳрвандони давлат ба шумор намераванд ва қонуну қоидаи худро доранд. Дигар ин ки писарону духтаронашон аз синни 13-15-солагӣ издивоҷ мекунанд. Аксари корҳои 2-юминдараҷаро ба танзим даровардем, пас чаро ин раванди муҳими ҷамъиятиву сиёсиро ба танзим надарорему зиндагонии ҷӯгиҳоро тибқи қонун ба роҳ намонем?

 

Чоршанбе, Фев 03 2021

 

Вайсиддин Шамсов, муаллиф ва хонандаи мо аз ш.Роғун меҳмони редаксия шуда, гуфт:

     - Рӯзи 21.01.2021, ман чун ҳарвақта ба дӯкони газетфурӯшии бозори Зарафшон, барои хариди рӯзнома муроҷиат кардам. Ман одатан аз ин дӯкон 3 рӯзнома, СССР, “Дунё” ва “Тоҷикистон” мехарам. Рӯзномафурӯш ба ман пешакӣ фаҳмонд, ки рӯзномаҳо аз ҳамин рӯз 50 дирам қимат шудаанд. Дар гӯшаи дӯконаш ҳам бо қалами сурх навишта шуда буд: СССР-3с.50 д. СССР рӯзномаи дӯстдоштании ман аст ва маҷбур шудам онро бо нархи нав хиридорӣ намоям. Аммо дар айни ҳол кунҷковиам боло гирифту гуфтам, ки 1 ба редаксия муроҷиат кунам. Маро меҳмон карданд ва имкон доданд, дарди дили худро дар саҳифаи рӯзномаи дӯстдоштаниам иброз намоям. Соли 2021 соли COVID-19 соли қимматӣ ва болоравии нархҳо ба рӯзномаҳо ҳам асар кардааст!

Аз СССР: Гароншавии нархи газит ба мо ҳич алоқамандӣ надорад. Зеро таври маълум, коронавируси лаъин тамомии мавод, минҷумла маводи чопиро низ қимат карду нархи тамомии газетаҳо боло рафт. Мо гунаҳкори бе гуноҳем ва хонанда бояд “ин гуноҳи моро” бахшад. Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, Янв 20 2021

 Матлуба Ҷабборова, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе меҳмони редаксияи мо шуда, аз нархи гарони истифодаи қувваи барқ изҳори нигаронӣ намуд.

   - Ман соҳиби 4 фарзанд мебошам ва ҳамаашон мактабхонанд. Дар оила ҳам фақат ман кор мекунам. Бо сард шудани ҳаво вазъи зиндагии мо хеле вазнинтар гардид. Барои мисол ҳамин моҳ барои истифодаи нерӯи барқ ман бояд 660 сомонӣ пардохт кунам. Ва бисёриҳо ҳам дар ҳамин вазъият қарор доранд. Аз ҳукумати ш.Душанбе бисёр хоҳиш мекардам, ки ин сардиҳоро ба инобат гирифта, нархи барқро арзонтар намояд. Мардум дар ин сардиҳо маҷбуранд барқро бештар истифода намоянду маблағи пардохти он ҳам ба муштариён аз ҳад зиёд меояд. 

 

Чоршанбе, Янв 13 2021

 Насимҷон Сафаров, хонанда ва сокини ш.Душанбе меҳмони идора шуда гуфт: 

   - Имрӯз бештари мардум бобати нарху наво дар бозори озуқаворӣ сухан меронану касе аз нарху навои маҳсулоти дигар, аз ҷумла масолеҳи сохтмонӣ чизе намегӯяд. Ҳол он, ки ин нархи ин навъи маҳсулот ҳам чанд маротиба афзоиш ёфтааст. Ман худам ба корҳои таъмирӣ машғулам ва афзоиши нархи маҳсулоти барои корам заруриро баръало ҳис мекунам. Имрӯз таъмири 1 хона барои соҳибаш ба маротиб гаронтар шудааст. Бо вуҷуди ин, нархи кори мо устоҳо бошад чун пештара боқӣ мондааст. Хуб мешуд, агар ниҳодҳои дахлдори кишвар ба ин масъала таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, истеҳсоли ин навъ маҳсулотро дар дохили кишвар роҳандозӣ мекарданд.  

 

Чоршанбе, Янв 06 2021

 

 Рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Нуралӣ Давлат меҳмони редаксия шуда роҷеъ ба сангинии куруноӣ ва паёмади пасомаризӣ дар ҷамъият гуфт:

   - Соли равон барои ҷомеъаи башарӣ соли мушкил буд. Шояд яке аз мушкилтарин солҳо дар чанд даҳсолаи охир. 1 вирус бо номи COVID-19  нотавонии бузургтарин давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонро ба намоиш гузошта, дар ақсои олам, бо шумули Тоҷикистон ба дефитсити ғизо ва болошавии нарху наво мусоидат намуд. Ҷаҳон имрӯз ҳам дар муқобили вируси COVID-19 мубориза бурда истодааст ва тамманои ман ин аст, ки дар соли 2021 ҷомеаи башарӣ бар ин вируси хонумонсуз пирӯз гардад. Ва ҳамчунин таманно дорам, мушкилоте, ки дар тӯли се даҳаи истиқлол гиребонгири ҷомеаи Тоҷикистон аст, монанди болошавии нарху наво, пастшавии сатҳи зиндагонӣ, бекорӣ, маоши кам, муҳоҷирати корӣ ва ғ., дар соли 2021 ҳалли худро ёбанд. Орзӯи ҳамешагии ман зиндагии бо шарофат барои ҳамаи ҳамвататон. Соли наватон муборак бошад!

 

саҳ 21 аз 62

Китобҳо

Flag Counter