ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Март 27 2019


Қурбонгул Шарипова (тел: 919 98 82 09) сокини шаҳри Душанбе, аз кӯчаи Ю.Фучик-100/1, хонаи №3, дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, ки ман маъюби гуруҳи 2 ҳастаму барҷомонда. 1 писари 16-солаамро ҳамроҳ бо шавҳарам дар ҷанги шаҳрвандӣ аз даст додам. Ҳоло 93 сомонӣ нафақа барои маъюбӣ мегираму бо писари ягонаву келину 3 набераам дар 1 хонаи 2-ҳуҷрагӣ зиндагӣ дорам. Болои ин, писарам мардикор асту гоҳ кор меёбаду гоҳе бекор. Нафақаи ман дар маҷмуъ барои табобату зиндагиам намерасад. Хонае, ки имрӯз он ҷо ба сар мебарам, дар ошёнаи 1 асту тагаш «подвал» ва зимистону баҳор бӯи намӣ мекунад. Болои ин, «труба»-ҳои хона пӯсидаанду об мебароранд. Бояд гуфт, ки ман аз соли 1992 то ҳол дар навбати замин ҳастам, лек ҳич навбат ба ман намерасад. Хуллас, ҳоло ҳамин қадар хоҳиш дорам, ки ба ман 1 қитъаи хурди замин аз атрофи пойтахт ҷудо карда бидиҳанд. Қаблан аз шаҳрдорӣ ва ҳам аз кормандони гиромии газетаи СССР сидқан миннатдорам!

Чоршанбе, Март 20 2019


Муаллим Ҷамолиддин Ҷалолов, аз ноҳияи Айнӣ дар меҳмонии СССР гуфт, ки 9 март ҳини аз нақби “Истиқлол” сӯи Хуҷанд гузаштан ба ҳодисае дучор шудам, ки нобахшиданист. Ин мавзеъ ба ҳудуди н.Айнӣ дохил шуда, роҳро бояд кормандони корҳои дохилӣ, хоса, БДАи н.Айнӣ назорат кунанд. Аз беназоратии масъулон чунон қаторҳои бетартибии нақлиёт ба амал омадааст, ки дар 2 самт ҳатто қариб роҳи пиёдагузар нест. Бегоҳии 8 дар ин мавзеъ, аниқаш назди нақби ангиштканӣ мошинҳои калонҳаҷм аз беэҳтиётии ронандагон бо ҳам бархӯрда, роҳро банд кардаанд. Кормандони БДАи н.Айнӣ баҳри кушодани роҳ чорае надида, парвое надоштанд. Агар бегоҳии 8 март ҳодисаро пайгирӣ мекарданд, муаммо ба тезӣ ҳалли худро меёфт. Шаби ин ҳодиса ва пагоҳии он пурра, ин рӯз дар 2 самти монеа қатори мошинҳо бештар аз 500 ададро ташкил медод, мусофирони зиёд дар азобу вақти қимати худро аз даст доданд. Ҳамаи ин бо айби кормандони БДА н.Айнӣ, набуди назорати дуруст ба амал омад. Роҳбари ноҳия аз чунин бенизомиҳо огоҳ аст? Чанде қабл дар гардишгоҳи назди комбинати Анзоб низ чунин бенизомии нақлиёт рух дода буд. Албатта чунин аҳвол сабабгори садамаҳо, фоҷиаҳо, пушаймониҳо мегардад. Аз раиси н.Айнӣ эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дида бароянд.

Чоршанбе, Март 13 2019


Хабарнигори мардумии СССР, муаллим Назари Наврӯз аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9.02.2019 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30.04.2018, №207-7 бояд дар давоми 6 моҳ симкортҳои ҳамаи ширкатҳои мобилӣ бо шиносномаи нави намунаи соли 2014 аз нав ба қайд гирифта шаванд. Дар ин қарор аз ҷумла омадааст, ки «Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба номи як шахс ба расмият даровардани на зиёда аз ду симкорт дар ҳамаи операторони хизмати алоқаи барқӣ ва азнавбақайдгирии симкортҳои шахсоне, ки шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014-ро надоранд, дар давоми 6 моҳ чораҷӯӣ намояд». Дар ин ҷо мехостам ба 1 саволи худ аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ ҷавоб гирам: Магар шарт аст шахсоне, ки синнашон аз 60-70 сола боло рафтааст, ба хотири азнавбақайдгирии симкорт шиносномаи нав бигиранд? Охир, шиносномаи ин гуна одамон бемуҳлат аст-ку?! Хоҳиш дорам, ки раҳбари Хадамот, муҳтарам Бек Сабур ба ин суол посух диҳад.

Чоршанбе, Март 06 2019


Узви Ихвон-ал-СССР, собиқадори матбуот, узви ИЖТ аз соли 1969, Нуралӣ Дӯсталиев аз шаҳри Панҷакент дар меҳмонии СССР гуфт, Душанбе пойтахт-макони муассисаҳои илмӣ, олиму забондонҳост. Бояд забонамон адабиву навиштаҷотамон бехато бошаду байту ғазаламон суфтаву равон. Лек гул бехор намешавад! Дар кӯчаву хиёбонҳо, ошхонаву муассисаҳо… навиштаҷоти пурхато, суханҳои нофаҳмо зиёданд. Дар кӯч.Борбад, дар саҳни НФС навишта шудааст: «Шустушӯи мошинҳо-қаҳвахона». Нафаҳмидам, ки қаҳвахона ҷои хӯрокхӯрист, ё «автомойка»? Дар кӯч.А.Деҳотӣ боз навиштаанд: «Лавозимотҳои мактабӣ ва идоравӣ». Ин чист? Ва дар наздикии он сабт шудааст: «Мағозаи сурод», NESCAFE COLD», Грилл, Фитнес, Тоҷсет, SOCCER, DEKO, BLANKA, Ирсол ТҶ, OЧ AKSA, Дӯкони гӯшт, Нусхабардорӣ, Фатиршурбо, Чӯҷабирён, Самбӯсаи қабурғагӣ, Яхмоси дохилию хориҷӣ, Шӯрбои косагӣ, Ороишгари мӯй, Асали кӯҳӣ, Тӯр барои тиреза, Самбӯса барои марака, Кӯтоҳ кардани бурюк, Автозаправкаи Зоири ойл… Хуллас, аз кадомаш мехӯреду мебаред, марҳамат. Ин Гавҳар-апа Шарофзодаатон, ки масъули тозагии забони давлатист, куҷо менигарад? Ё он кас танҳо думболаи СССР ва Фараж метозаду бас?

Чоршанбе, Фев 27 2019

 


Шоир Орзу Шодии 67-сола, аз деҳаи Дар-дари ноҳияи Айнии вилояти Суғд (тел: 92 908 41 42, 915 91 27 57) дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки ман соҳиби 9 китоби шеърӣ мебошам ва аслан одати худтаърифкуниву ҳаваси узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон шудан ҳам надорам! Аммо дар бораи ҳаққу ҳуқуқи муаллиф 1 гапи гуфтанӣ дорам. Барои чӣ аксари ромишгарон ашъори маро дар риштаи оҳанг гузошта месароянду лек ному насаби маро чун муаллиф ба забон намеоранд? Ин магар поймол кардани ҳуқуқи муаллиф нест? Барои мисол, ҳофизони номии кишвар Дамирбек Олимов, Эркин Одинаев, Боҳир Қодиров, Ҳасани Ҳайдар, Афзалшоҳи Шодӣ… дидаву дониста, аз гирифтани исми ман дар поёни суруд худдорӣ мекунанд!!! Соли 2018 1 китобчаи шеърии ман таҳти унвони «Аҷаб дунёст ин дунё» зери таҳрири Мирзо Муллоаҳмад-доктори улуми филологӣ аз чоп баромад. Ва аз ҳамин маҷмуаи ман сарояндагон порчаҳои шеъриро гирифта, оҳанг бастаанд! Ман аз ҳамаи ромишгарон сидқан миннатдорам, ки барои обрӯву шарафи худ аз ашъори ман истифода мебаранду шеъри шоирро дар баробари худ дар байни ҳаводорони худ муаррифӣ менамоянд. Фақат хоҳишам ҳамин аст, ки ҳуқуқи муаллифро риоя кардан даркор. Охир, шеър вақте ки бе соҳиб шуд, вай албатта фолклор ё аз они халқ мешавад! Ё не?!

Чоршанбе, Фев 20 2019


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР Ҳамза Уроқов, ронандаи таксӣ аз ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон (тел: 907 24 46 55) дар меҳмонии газетаи мардумии оид ба ноадолатӣ ва «хотирбинӣ»-ву «черезбозӣ»-ҳо дар соҳаи таксиронӣ гуфт:
-Бовар мекунед, ки мо ронандагони таксии Қурғонтеппа вақтҳои охир ҳич рӯз надорем!!! Мисол, ман ронандаи таксӣ дар хатсайри Душанбе-Бохтар (Қӯрғонтеппа) ҳастам ва ягон нуқта (терминал)-и дақиқи мусофиркашӣ надорам! Акнун мисли ман даҳҳо чунин ронандагоне ҳастанд, ки намедонанд, арзи худро ба куҷо бигӯянду бо чӣ доруе дарди худро таскин бидиҳанд! Фарзи мисол, ягона ҷое, ки мо-таксиронҳо пинҳонӣ ва аз чашми нозирони роҳ ноаён мусофир мегирем, ин назди бозори «Саховат» аст ва он ҳам ғайриқонунӣ! Дар назди дарвозаи Душанбе (пеши пости БДАи ш.Ҳисор) 1 терминали мусофиркашие ташкил намудаанд, ки он ҷо ғайр аз автобус ягон пашша намедарояд!!! Барои исботи ин гап, ҳамту ягон рӯз чарх зада раведу бинед! Ва он терминал барои кулли таксиронҳои ҷануби Тоҷикистон ташкил шудааст! Роҳро намегӯед? Роҳи имрӯзаи Бохтар аз нозири БДА вайронатр асту нозир аз роҳ гизала. Ва ҳама мушкил бар сари мо ронандаҳо бор аст!!!

саҳ 34 аз 62

Китобҳо

Flag Counter