ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Окт 26 2022

 

 Оламгули Мазлум, журналист, корманди маҷаллаи «Хорпуштак» меҳмони идора шуда, гуфт, ки саҳифаи 16-уми газетаи мардумии СССР, ки ба ҳамкории раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо матбуоти даврӣ бахшида шуда буд, хеле писандаш омад.

    - Дар ҳақиқат дар ин диёри домони гардун ба рӯзномаву маҷаллаҳои хусусӣ кам обуна мешаванд. Агар ҳақиқатро гӯем, фақат ҳамин рӯзномаҳои хусусӣ дарди дили корафтодагонро бештар гӯш мекунанд ва ба онҳо кӯмаки худро дареғ намедоранд. Воқеан баъзе раисони ноҳияҳо худро аз мардум дур мегиранд.

Баъзе мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо нисбати қабули шаҳрвандон бепарвоӣ зоҳир мекунанд.

Дар МИҲД н.Дарвоз ба таври дилхоҳ шаҳрвандон наметавонанд аз тартиби рӯзи қабули шаҳрванд истифода намоянд. Ман ҳам натавонистам дар 1 сафари сарироҳӣ бо раиси ноҳия суҳбат кунам. Охир барои 1 сафари хидматӣ аз Душанбе то Дарвоз чи қадар вақт ва маблағ сарф мешавад, инро раис медонад!?

Чоршанбе, Окт 19 2022

Мубориз Абдулҳаев, сокини шаҳри Бохтар меҳмони редаксияи газетаи мардумӣ шуда, гуфт, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Бохтар то ҳанӯз ғолибони даврҳои якуму дуюми озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳавасманд нагардидаанд.

   - Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 4-ум аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст ” дар кишвар баргузор мегардад. Даври 2-юми он дар шаҳри мо-Бохтар низ баргузор гардид. Аммо аз баргузории ин давр чандин моҳ гузашту то ба ҳол аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Бохтар ғолибони он ҳавасмандӣ  надидаанд. Дар ҳоле, ки ин моҳ даври 3-юми озмун оғоз мегардаду ғолибони даврҳои гузашта чунон фаромӯш шудаанд, ки касе аз масъулин ба суроғашон намеояд.

Чоршанбе, Окт 12 2022

 

 

Ҳамро Қурбонов, сокини деҳаи Қади Ҷӯйбори ҷамоати деҳоти Сабои н.Шаҳринав меҳмони идора шуда (тел: 900856266), гуфт, ки нозири минтақавӣ ва кормандони ШВКД н.Шаҳринав бо истифода аз 1 муноқишаи оилавӣ, аниқтараш ҷанҷоли байни хоҳарон, имрӯз маро то ба суд кашидаву 6400 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷаримабандиам кардаанд.

   - 2 духтарам барои анҷом додани корубори хона даъво мекунанду дар ин зимн набераи 11 солаам бо телефон бозӣ карда, саҳван ба кадом рақами ВКД занг мезанад. Садои ҷанҷолро шунида, ВКД ба қавле «тревога» бардошта, 2 корманди милисаро ба хона мефиристад. Онҳо омада, аз воқеият бохабар шуда, хандида мераванд. Ман дар пеши онҳо набераамро сарзаниш намуда, телефонашро аз дасташ гирифта, мешиканам. Инро онҳо мебинанд. Пас аз рафтанашон нозири минтақавӣ ба хона меояду сар мешавад саргардониву ташвишҳо. Ҳоло ба ман парвандаи ҷиноӣ кушодаанд, вале аз рӯи кадом модда нагуфтанд. Духтарам даъво надорад, вале ҳоло суди н.Шаҳринав маро ба хотири шикастани телефони набераам, яъне телефони худам (!!!) вазифадор кардааст, ки 6400 сомонӣ ба фоидаи давлат пардохт кунам. Ман нафаҳмидам, шумо чӣ? Ин ҳолат, ки оилавӣ аст, бояд аз сари нав дида баромада шавад!

 

Чоршанбе, Окт 05 2022


Фирӯза Амонатова сокини шаҳри Душанбе меҳмони идораи мо шуда, гуфт:

- Тоҷикистон худ ватани меваҳои шахдбор аст, аммо нарху навои бозор хело баланд. Аз хӯрока то пушока ҳамааш нархи дадоншикан доранд. Сабзавоту меваҷот, ки истеҳсоли Точикистонанд, аз он ҳам баланд. Дар ҳар бозор нарх гуногун ва фарқкунанда. Барои чӣ дар бозорҳо ҷиҳати баробар кардани нарху наво ягон чораандешӣ карда намешавад? Дигар ин ки дар ҳама микроавтобусҳо аксарияти кондукторон бо мусофирон баҳс мекунанд, гапҳои қабеҳ мезананд. Магар ин аз рӯи одамгарист, ки баъзе мусофирон аз падару модари онҳо дар синну сол бузургтаранд? Ин кандукторон дар оилаи худ тарбия нагирифтаанд?!

 

Чоршанбе, Сен 28 2022


Ғанӣ Сафаров, раиси собиқадорони ҷангу меҳнати н.Темурмалик, меҳмони идора шуда, аз дастрас набудани мавҷҳои ТВ «Мавҷи Сомон» дар ҳудуди ноҳияи зисташ изҳори таассуф кард.

   - Чандест, ки телевизионҳои кишвар дар бораи таъсис ёфтани «Мавҷи Сомон» рекламаву огоҳӣ пахш  мекунанд. Мо сокинони кишвар бунёди чунин 1 шабакаро ҷонибдорӣ мекунем, вале чаро «Мавҷи Сомон»  дар ҳудуди н.Темурмалик фаъол нест? Бисёр мехоҳем тавассути он бо барномаҳои ТВ-ҳои пешрафтаи дунё ошно гардем.

Аз идора: Хонандаи гиром! То ҷойе мо итиллоъ ёфтем, ин муассиса корро нав сар карда, алҳол дар ш.Кӯлоб таҷҳизот насб дорад. Бо мурури вақт навбат ба навоҳии гирду атрофи ш.Кӯлоб низ хоҳад расид. Мо Метавонем!

Чоршанбе, Сен 21 2022

 

    Сайёд Ғаффор меҳмони СССР шуда гуфт, шунидам чанд сармуҳаррире, ки килки хеле хуб доранд, аз вазифа сабукдуш шудаанд. Ин фоли нек аст-ва афзуд:

   - Сардабироне, ки эҷодкоранд, бояд аз кор гирифта шаванд! Зеро инҳо ватансозанд!!! Сарвариро ҳар кас карда метавонад, вале ватанро мо, эҷодкорон зарра- зарра, кам-камак, андак-адндак бо шиками нимсеру нимгурусна месозем, на бою давлатманду сарвату сармоядорон. Ёд доред, то Бобоҷон Ғафуров аз вазифа нарафт, «Тоҷикон»-ро нанавишт. То Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Бахтиёр Муртазоев сари кор буданд, асари мондагоре эҷод накарданд. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд. Сарварӣ ва пулҷамъкунӣ дигар асту ватансозӣ дигар аст. Шумо 1 сарватмандро аз ҳамин даврони советӣ ёд доред? Не! Вале Айниву Лоҳутиву Ғафурову Лоиқу Бозорро кӣ намешиносад? Ҳама медонад! Мо Метавонем!!!

саҳ 7 аз 62

Китобҳо

Flag Counter