Ҳамро Қурбонов, сокини деҳаи Қади Ҷӯйбори ҷамоати деҳоти Сабои н.Шаҳринав меҳмони идора шуда (тел: 900856266), гуфт, ки нозири минтақавӣ ва кормандони ШВКД н.Шаҳринав бо истифода аз 1 муноқишаи оилавӣ, аниқтараш ҷанҷоли байни хоҳарон, имрӯз маро то ба суд кашидаву 6400 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷаримабандиам кардаанд.
- 2 духтарам барои анҷом додани корубори хона даъво мекунанду дар ин зимн набераи 11 солаам бо телефон бозӣ карда, саҳван ба кадом рақами ВКД занг мезанад. Садои ҷанҷолро шунида, ВКД ба қавле «тревога» бардошта, 2 корманди милисаро ба хона мефиристад. Онҳо омада, аз воқеият бохабар шуда, хандида мераванд. Ман дар пеши онҳо набераамро сарзаниш намуда, телефонашро аз дасташ гирифта, мешиканам. Инро онҳо мебинанд. Пас аз рафтанашон нозири минтақавӣ ба хона меояду сар мешавад саргардониву ташвишҳо. Ҳоло ба ман парвандаи ҷиноӣ кушодаанд, вале аз рӯи кадом модда нагуфтанд. Духтарам даъво надорад, вале ҳоло суди н.Шаҳринав маро ба хотири шикастани телефони набераам, яъне телефони худам (!!!) вазифадор кардааст, ки 6400 сомонӣ ба фоидаи давлат пардохт кунам. Ман нафаҳмидам, шумо чӣ? Ин ҳолат, ки оилавӣ аст, бояд аз сари нав дида баромада шавад!