ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Сен 14 2022

 

    03.09.2022. Соат бо вақти Душанбе 15:17 дақиқа. Шоҳзамони Фархорӣ, 1 одами даркорӣ, шоири шинохта пас аз озод шудан аз маҳбас рост ба редаксияи газетаи мардумии СССР омада, гуфт, ки аз номи бачаҳои муассисаи ислоҳии 3/1 паём овардааст.

   - Нахуст мехоҳам ҷашни Истиқлоли миллиро ба кулли дӯстон ва хонандагони газетаи мардумии СССР табрик бигӯям. Истиқлолият воқеан неъмати бузург аст ва ба қадри он бояд расид.

   Дуввум ин ки ман пешниҳод орам, ки ҳайати эҷодии газета ба китобхонаи муассисаи ислоҳии 3/1 низ аз китобҳои ба тозагӣ нашркардааш ирсол намояд. Онҷо бачаҳои китобхону китобдӯстдор хеле зиёданд, ман худам ҳам зимни адои муҳлати ҷазо масъули китобхона будам. Ҳама ташнаи китобанд.

   Сеюм ва муҳимтар аз ҳама, аз номи тамоми бачаҳои ин муассиса, алалхусус аз номи ҷавонмарде бо номи Фаридун ба СССР-чиён салом мерасонам. Бовар кунед, ҳар 1 шумораи газетаро дар он ҷо бесаброна интизор шуда, онро дастибадаст ва баргашта мутолиа мекардем. Бошӣ, СССР!

Панҷшанбе, Сен 08 2022

 Назарухмат Мусоев, адвокат, нафақахӯр, сокини н.Шоҳмансури ш.Душанбе, (тел: 989110900) меҳмони идора шуда, дар бораи 1 баҳси судӣ, ки 10 сол боз идома дорад, арз кард.

   - Аз соли 2012 ин тараф 2 нафар шаҳрванд-Маҷидов Шариф ва Исо Ҳалимов бобати 1 мағозаи №7-Гулшан, воқеъ дар к.Маяковский 29/1-и пойтахт баҳси додгоҳӣ доранд. Ин мағозаро соҳибмулк Шариф Маҷидов, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нест, соли 1993 аз ҳукумати ш.Душанбе тавассути тендер ба маблағи 9 миллион рубли он замон харидорӣ карда буд. Бо гузашти солҳо ин хариду фурӯш ва мағоза мавриди баҳси 2 нафар гашт, ки то ҳол новобаста аз ҳалномаҳои Суди Олӣ идома дорад. Пас аз марги Шариф Маҷидов соҳибмулкӣ ба фарзандаш гузашта бошад ҳам, ҷониби дигар бо пешниҳоди далелҳои гуногуни беасос баҳси судиро ба дарозо кашида истодааст. Ҳоло бо фурсат аз минбари баланди газетаи мардумии СССР аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш дорам бори дигар ин масъаларо дида баромада, ба баҳс нуқтаи ниҳоӣ гузорад. 

Чоршанбе, Авг 31 2022

 Мубориз Достиев, хонандаи синфи 10-уми Мактаби муосири байналмилалии ш.Душанбе меҳмони редаксия шуда, дар бораи сафари худ ба Британияи Кабир ва ширкат дар Олимпиадаи бонуфузи ҷаҳонӣ нақл кард.

   - Дар Олимпиадаи Teeneagle дар Лондон аз фанни забони англисӣ иштирок намуда, ҷойи 3-юмро ишғол кардам. Зимни сафар ва ширкат дар ин озмуни бонуфузи ҷаҳонӣ бо ҳамсолони аз дигар кишварҳо омада ошно шуда, дӯстони нав пайдо кардам. Дар ин Олимпиада беш аз 5000 англисидони аълохон аз 48 кишвари олам иштирок намуданд ва хушбахтона тими Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастаҳои муваффақ дар ин Олимпиада гардид. Ман тамоми дӯстонамро бо ғолибият табрик намуда, барои ҳар яке расидан ба қуллаҳои баланди донишро орзу дорам. Худам низ саъй мекунам донишу малакаамро бештар тақвият ва сайқал дода, дар Олимпиадаҳои дигари байналмилалӣ ширкат варзида, ҳатман ҷои 1-умро соҳиб шавам. Зеро ҷои 2 ва 3 хоси мо нест. Мо Метавонем!!!

Чоршанбе, Авг 24 2022

Ҳокими Сафар, муаллиф ва хонандаи доимии газетаи мардумӣ аз н.Файзобод меҳмони редаксия шуда, аз хизматрасонии ширкати мобилии Тселл шикоят кард.

   - Рӯзҳои 13 ва 14 август ба рақами телефони мобилиам, ки ба ширкати Тселл тааллуқ доранд, 20 сомонӣ пул партофтам. Пас аз ин хостам ба чанд нафар занг занам, ба ҷои занг оператор гуфт, ки дар суратҳисобатон маблағ нест, лутфан пешпардохт кунед. Маҷбур шудам боз 20 сомонии дигар гузаронам, танҳо баъд аз гузаштани маблағи дуюм тавонистам занг зада, суҳбат кунам. Ба назарам ширкати Тселл роҳи нави пулкоркуниро ёфта, муштариёнро фиреб карда истодааст.

Чоршанбе, Авг 17 2022

 Худойдод Раҷабов, журналист, хонандаи ҳамешагии СССР аз н.Муъминобод ба идораи газетаи СССР меҳмон шуда, нигаронӣ аз фаъолияти мошинҳои гаронвазн кард, ки онҳо қоидаҳои бехатариро зимни ҳаракат риоя намекунанд.

   - Дар 4 фасли сол мошинҳои гаронвазн ба кашондани сангу шағал машғуланд. Аксарияти онҳо ҳангоми кашондани сангу шағал болопӯши ҳимоявиро истифода намебаранд. Аз ниҳодҳои марбута хоҳишу талаб дорем, ки чунин ронандаҳоро ҷарима карда, барои фаъолияти ояндаи бехатар дар байнашон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд. Оқибати риоя накардани талаботи зарурӣ хатарнок буда, ба ҷони дигарон ҷабр мешавад.

Чоршанбе, Авг 10 2022

 Саидалӣ Шерхонов, омӯзгори мактаби №3-и н.Восеъ меҳмони редаксия шуда, дар бораи сиёсати глобалӣ ва ҷангҷӯии НАТО ибрози назар кард.

   - Дуо кунед барои тинҷиву ободии хонадонатон инчунин Тоҷикистон ва  рӯи замине, ки хонаи ҳамаи мову шумост. Худо нигаҳ дорад аз ҷанги 3-юми ҷаҳон.  Омин! Сиёсатро бинед, миллиардҳо барои ҷанг дар Украина, Афғонистон, Сурия, Ироқ ҷудо мешаваду барои гуруснагон якчанд миллионак на. Боз орзуи зиндагӣ дар МАРС доранд. Марсе, ки обу ҳаво надорад ва касе то ҳоло рафта омадагӣ нест. Ташкилотҳои сулҳпарвар куҷост? Ба гуфтаи Саъди Маҳдӣ, садқаи 1 сабзазори курраи замин кунад, яроқҳои  омкушатонро!

Дигар ин ки мехоҳам бигӯям, ки омӯзгорони н.Восеъ сари вақт маошу рухсатии худро гирифтанд ва дар ин кор саҳми раиси ноҳия Ҷамшед Шарифзода кам нест. Эшон ба соҳаи маориф таваҷҷӯҳи хоса дошта, ҳамеша ғамхори моянд!

саҳ 8 аз 62

Китобҳо

Flag Counter