Саидалӣ Шерхонов, омӯзгори мактаби №3-и н.Восеъ меҳмони редаксия шуда, дар бораи сиёсати глобалӣ ва ҷангҷӯии НАТО ибрози назар кард.
- Дуо кунед барои тинҷиву ободии хонадонатон инчунин Тоҷикистон ва рӯи замине, ки хонаи ҳамаи мову шумост. Худо нигаҳ дорад аз ҷанги 3-юми ҷаҳон. Омин! Сиёсатро бинед, миллиардҳо барои ҷанг дар Украина, Афғонистон, Сурия, Ироқ ҷудо мешаваду барои гуруснагон якчанд миллионак на. Боз орзуи зиндагӣ дар МАРС доранд. Марсе, ки обу ҳаво надорад ва касе то ҳоло рафта омадагӣ нест. Ташкилотҳои сулҳпарвар куҷост? Ба гуфтаи Саъди Маҳдӣ, садқаи 1 сабзазори курраи замин кунад, яроқҳои омкушатонро!
Дигар ин ки мехоҳам бигӯям, ки омӯзгорони н.Восеъ сари вақт маошу рухсатии худро гирифтанд ва дар ин кор саҳми раиси ноҳия Ҷамшед Шарифзода кам нест. Эшон ба соҳаи маориф таваҷҷӯҳи хоса дошта, ҳамеша ғамхори моянд!