ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Май 31 2023

 

19.05.2023. Соат бо вақти Душанбе 09:48 дақиқа. Алек Шахбазян, коргардони шинохтаи рус, директори генералии ширкати «Синема Концепт Продакшн», ки чанд ҳафта мешавад дар кишвари мост, меҳмони идора шуда гуфт, ки дар якҷоягӣ бо киностудияи «Тоҷикфилм» ба наворгирии филми «Чарогоҳи худоён» сар кардааст.

   - Наздики 1 моҳ аст, ки дар Тоҷикистон қарор дорем ва барои сабту навор маҳалҳоро меомӯзем. Филми «Чарогоҳи худоён» («Пастбище богов»), ки мо ба наворгириаш сар кардаем, дар бораи муносиботи 2 дӯст нақл мекунад, ки тақдир онҳоро ба Бадахшони Тоҷикистон меорад. Қисмати тоҷикистонии филм дар Бадахшон ва Душанбе ба навор гирифта шуда, дар нақшҳои асосӣ ҳунармандони шинохтаи русу тоҷик бозӣ мекунанд. Сабти қисмати асосии филм дар моҳи июл шуруъ шуда, дар он актёрони русу тоҷик нақш мебозанд.

Чоршанбе, Май 24 2023

Абдураҳмон Назаров, нафақахӯр, сокини деҳаи Дарнайчии н.Восеъ (тел: 987162459) меҳмони идора шуда гуфт, ки аз раиси н.Восеъ Ҷамшед Шарифзода хоҳиш менамояд, ки ба 1 мушкили деҳаи онҳо нуқта гузорад.

   - Соли 2017 ба мавзеи нав кӯчида, деҳа бунёд намудем. Имрӯз 2 деҳа шудааст, ки дар он мардум зиндагӣ карда, ботадриҷ инфрасохтори лозимӣ низ муҳайё шуда истодааст. Аммо мо 1 проблема дорем ва он ҳам барқ аст. Аз соли 2017 худамон бо ёрии мутахассисони маҳаллӣ бо симҳои борик ба қавле 1 бало карда, хати барқ кашидем, вале он хатарнок аст. Соли гузашта 500 сомонӣ сари ҳар хоҷагӣ пул ҷамъ намуда симчӯб харида насб кардем, акнун дар интизори онем, ки кай ширкати «Барқи тоҷик» ва корхонаҳои зертобеи он дар минтақаи Кӯлоб барои мардуми 2 деҳаи навбунёд трансформатори нав насб намудаву хатҳои барқи стандартӣ мекашанд. 1 сол боз аз ин идора ба он идора равуо дорему саргардонем, на ширкати «Барқи тоҷик» пул дорад, на корхонаҳои зертобеи он. Ҳоло танҳо умед ба раиси н.Восех Ҷамшед Шарифзода мебандем, ки худ шахсан ба ин саргардонии мо нуқта гузорад.

Чоршанбе, Май 17 2023

Иззатбек Идиев, журналисти собиқадор меҳмони идора шуда гуфт, ки бо назардошти афзудани сафи ҳоҷиҳои ба ҳаҷи умрарави тоҷик 1 муроҷиат ба онҳо дорад.

   - Сафи онҳое, ки ба ҳаҷи умра мераванд, солҳои ахир хеле зиёд шудааст, ин пеш аз ҳама дарак аз он медиҳад, ки зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Аслан ҳоҷиҳо бояд донанд, ки агар ҳамсояву хешутабору хонаводаи худ ниёз надошта бошанд, он гоҳ метавонанд ба зиёрати хонаи худо раванд. Онҳое, бояд ба хонаи худо раванд, ки ҳаматарафа омода бошанд. Маърифату фарҳанги баланд, дониши казоии динӣ бояд дошта бошанд, чунки кишвари моро муаррифӣ мекунанд:

Фитрат ҳама фитнаю саропо найранг,

Рӯ ҷониби Каъба кардӣ, эй бефарҳанг!

Дар сояи 100 ҳоҷӣ панаҳ мебурдӣ,

Шайтони дилатро нарасад то, ки санг!!!

Чоршанбе, Май 10 2023

 

Рустам Шеров, муаллифи доимӣ ва хонандаи фаъоли газетаи мардумӣ аз ш.Панҷакент меҳмони идора шуда, гуфт, ки Вазорати маориф ва илми кишвар бояд «Занги охир» - ро баргардонад.

   - Ҳар сол дар моҳи апрел вақт 1-соат пеш ҳисоб карда шуда, дар моҳи октябр 1-соат ба қафо гардонда мешуд, бояд дар мо ҳам ин ҷорӣ карда шавад. Дар мактабҳои миёна занги охир 25-май садо медод ва ин беҳтарин кор буд. Дар гармӣ на омӯзгор завқи дарсдиҳӣ дораду на хонанда завқи хондан!

Дигар ин, ки фарзандони ҳамаи аҳли ҷомеа ба армия даъват карда шаванд, новобаста ба дин, ҳолати иҷтимоӣ, нажод, касбу мансаби падару модар. Бигзор дар навбати аввал бачаҳои аъзои Ҳукумати Марказӣ ва Парламент ба Армия раванд. Дигарон аз паси онҳо ҳатман хоҳанд рафт. Мо Метавонем!

Чоршанбе, Май 03 2023

 Сафаралӣ Бегмонов, муаллиф ва хонандаи ҳамешагии газетаи мардумӣ, коммунисти ашаддӣ аз н.Ёвон ба идора занг зада (тел: 2385556), гуфт, ки мехоҳад тамоми мардуми меҳнаткашро бо Рӯзи якдилии меҳнаткашон – 1 май табрик намояд.

   - Рӯзи 1 май – Рӯзи якдилии меҳнаткашон аст. Новобаста аз он, ки ин рӯзро ҳамчун рӯзи истироҳат аз тақвим гирифтаанд, вале он барои мо мардуми шӯравипарварда ҳамчун иди меҳнаткашон боқӣ мемонад. Рӯзи якдилии меҳнаткашон муборак, дӯстони азиз! Сулҳ, меҳнат, май, пирӯзӣ...

Чоршанбе, Апр 26 2023

Ҳусейн Шарипов, донишҷӯи шуъбаи рӯзноманигории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода меҳмони идора шуда, дар бораи зиндагии оилаҳои ҷавон ва таъсири волидайн ба зиндагии онҳо ибрози андеша кард.

   - Ман ҳоло оиладор нашудаам, вале тавре мушоҳида мекунам, нақши волидайн дар зиндагии навхонадорон хеле зиёд аст. Падару модарон бо сабабҳои гуногун фарзандони 18-19 солаашонро зуд оиладор мекунанд. Албатта, дар ин сину сол барпо кардани оиларо қонунгузории кишвар иҷозат медиҳад, аммо сабаби вайроншавии оилаҳои ҷавон маҳз дар омода набудани онҳо ба ҳаёти мустақилона аст. Дар баъзе хонаводаҳои ҷавон муҳаббати самимӣ, якдигарфаҳмӣ, фазои солиму осоишта вуҷуд надорад. Ҷавонон нахуст бояд илм омӯзанду соҳиби маълумот шаванд ва сипас ба бунёди оилаи солим камар банданд. Ҳамсарони бомаърифатро интихоб намоянд. Дар ин ҳолат хонавода устувор хоҳад буд.

саҳ 2 аз 62

Китобҳо

Flag Counter