Ҳусейн Шарипов, донишҷӯи шуъбаи рӯзноманигории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода меҳмони идора шуда, дар бораи зиндагии оилаҳои ҷавон ва таъсири волидайн ба зиндагии онҳо ибрози андеша кард.
- Ман ҳоло оиладор нашудаам, вале тавре мушоҳида мекунам, нақши волидайн дар зиндагии навхонадорон хеле зиёд аст. Падару модарон бо сабабҳои гуногун фарзандони 18-19 солаашонро зуд оиладор мекунанд. Албатта, дар ин сину сол барпо кардани оиларо қонунгузории кишвар иҷозат медиҳад, аммо сабаби вайроншавии оилаҳои ҷавон маҳз дар омода набудани онҳо ба ҳаёти мустақилона аст. Дар баъзе хонаводаҳои ҷавон муҳаббати самимӣ, якдигарфаҳмӣ, фазои солиму осоишта вуҷуд надорад. Ҷавонон нахуст бояд илм омӯзанду соҳиби маълумот шаванд ва сипас ба бунёди оилаи солим камар банданд. Ҳамсарони бомаърифатро интихоб намоянд. Дар ин ҳолат хонавода устувор хоҳад буд.