ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Нояб 03 2021

    Муҳамадраҷаб Бердиёров, сокини н.Фирдавсии ш.Душанбе, журналист ба идораи мо меҳмон шуда, дар бораи мушкили роҳи пиёдагарди маҳал арз кард:

   - Дар миёни роҳи байни мактабҳои №77 ва №78-и н.Фирдавсӣ чароғаки роҳнамо фаъол аст. Ҳар рӯз то соати 10:00 танҳо ранги зарди ин чароғак кор мекунаду халос, вале баъди соати 10-и субҳ мебинем дигар рангҳояш ба кор медароянд. Намедонам то кадом асос ин кор амдист, ки субҳ то рафтани кӯдакон ба мактаб онро вайрон нигоҳ медоранду баъдан мебинем, ки хуб ва пурра ба кор медарояд.  

Аз масъулон хохиш мекунам, ки сари ин проблема андешанд, зеро кӯдакон аз роҳ гузашта наметавонанд. Баъзан ронандаҳои боинсоф дида мешаванд, ки бе чароғак ҳам ба мактабхонон роҳ медиҳанд, вале барои бештаре вайронии чароғак баръакс бар нафъашон аст.

Чоршанбе, Окт 27 2021

 

  18.10.2021. Соат ба вақти Душанбе 11:20 дақиқа. Санавбар Сангова, сокини н.Рӯдакӣ ба редаксия меҳмон шуда, оиди болоравии нархи роҳкиро ибрози назар кард.

   - Шавҳарам омӯзгор асту ҳамагӣ 1000 сомонӣ маош мегирад. Дар оила 4 нафарем. Заҳматҳои муаллимро медонед, вале шавҳарам ба касби худ содиқ асту насли наврасро таълим медиҳад. Хабари гаронии нархи роҳкиро моро зиёд парешон кард. Наход ягон роҳи барҳам додани ин қарор набошад? Воқеан ин ба мардум зулми сахт мешавад. Тамоми кормандони давлатие, ки ба маош рӯзашон мегузарад, аз ин қарори бепарвофалаконаи мақомоти зиддиинҳисорӣ норозиянд. Магар фикри халқро ба назар намегиранд? Ман акнун намедонам маоши шавҳарамро ба кадом гӯшаи зиндагиамон расонам.

Чоршанбе, Окт 20 2021


 Мирзо Содиқ  адиб ва журналист аз н. Шамсиддини Шоҳин меҳмони ҳафтаномаи СССР шуда, гуфт, пас аз Ковид-19 шеъре дар бораи дарёи деҳаам навиштам ва ин дарё буд, ки ман сиҳҳат ёфтам:

Яке аз дарёҳои шояд кутоҳтарин ва бовиқортарини Дашти Ҷум Ниёб мебошад ва масоҳати он аз сарчашма то резишгоҳ ба дарёи Панҷ 40-50 км аст. Ин дарёи саркаш аз қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ ва Дарвоз тавассути кӯҳи баландтарин дар вилояти Хатлон сарчашма мегираду садҳо чашмаю наҳрҳоро ба худ мутеъ намуда, ба дарёи Панҷ ниҳон мегардад:

Сангоби Ниёби ман ҳама рангинай,

Ҳар санги дарунаш орӣ аз оҳу кинай.

Дониста бимон пой, ки санг дорад ҷон...

Таҳкурсии хонадони мо саргинай.

Чоршанбе, Окт 13 2021

 

  Хуршед Валиев, сарошпази КТН «Шарқи Озод», набераи Сайидалӣ Вализода ва шахси пурдону пуртараддуд меҳмони СССР шуда гуфт, дар Тоҷикистон 1 ферма намерасад:

    - Бинед, қариб ҳар рӯз фермаи мурғ месозем. Вале чаро дар ин миён 1 фермаи мурғи парҳезӣ, ё худ диетӣ бунёд накунем? Ба мурғҳои мо чӣ намерасад? Офтоб, сайру гашт, давутоз ва…тарс. Оре, мурғ бофтаҳои тарс дорад ва барои ҳамин ҳамеша сарашро болову поин чарх занонда, ба осмон менигарад, ки чӯҷабарак надуздад ва ё рӯбоҳу гурбае шикораш накунад. Бофтаҳои тарс ӯро ҳаракат медиҳанд ва гӯшташ парҳезӣ мешавад. Дидаед, ки гӯшти мурғи даштӣ ва хонагӣ чӣ гуна болаззатанд? А, мурғҳои ферма чӣ? Чун духтари 18-сола бо нозу нуз хеста, чун бонувони баландошёна 10 қадам беш намегузоранд. Офтобу ҳавои тоза ва тарсро намедонанд. Пас аз куҷо маззаи гӯшти мурғ? Гӯшти мурғи болаззат хоҳед, фермаҳои саркушода созед, то мурғ чӯҷабарку офтобро боре, пеш аз ба деги мо афтодан, бинад. Мо Метавонем!

Чоршанбе, Окт 06 2021

Ҳоҷӣ Бобоев, омӯзгори фанни математика ва геометрия аз ш. Ваҳдат меҳмони редаксия шуда, доир ба камбудиҳои китобҳои дарсии солҳои ахир чопшуда фикрашро баён намуд:

 

   - Ба китобҳои дарсии хонандагон, ки солҳои охир чоп шудааст бингарем, муаллифони ин китобҳо аз ӯҳдаи кор набаромадаанд. Як қатор камбудиҳои ҷиддӣ дар китобҳои дарсӣ  ҷой доранд. Метавон гуфт, ки «муаллифон» аз масоили мубрам ва методикаи таълимии фанни мазкур огоҳ нестанд. Муаллифон фақат дар заминаи «қолаб» -и тайёри дар ибтидо «сохташуда»-и китобҳои дарсии кӯҳна ва ҳозираи русӣ, адабиёти нав чоп кардаанд. «Муаллифон» дар асоси барномаҳои таълимӣ аз ин «қолаб» маводро ҷамъоварӣ ва ё тарҷума намуда, фақат онро ба шакли китоб даровардаанд, вале дар тасвиркунии матлаб комёб нашудаанд. Яъне онҳо «автомашинаи обӣ» ё «гандумдараваки нав» ихтироъ накардаанд ва дар навишт «қолаб»-и худро надоранд. Ҳол он ки ин китобҳо назариёти муаллифони  китобҳои дарсии кӯҳан буда, тарзи навишти онҳо ба ин «муаллифон» тааллуқ надорад. 

Чоршанбе, Сен 29 2021

 

    Булбули Шарқ, сарояндаи беамсол, артисти халқии СССР, устоди устодони санъати миллӣ дар 2 асри ахир, Ҷӯрабек Муродови беҳамто меҳмони СССР шуда, аз пазироӣ ва иззати солдорон дар газетаи мардумӣ, изҳори сипос намуд:

   - Ман артисти халқии СССР мебошам ва ҳуқуқ дорам, аз номи собиқадорони даврони советӣ гап занам. Сипос бар шумо, ки ҳамеша мардумеро, ки барои рушди фарҳанг, санъат, меъморӣ, дипломатия ва давлатсозии 70-соли шӯравӣ дар РСС Тоҷикистон кору пархош намудаанд, ёд мекунед, намегузоред, ки ба фаромӯшӣ раванд. Бовар кунед, дастгирии маънавии газетаи шумо барои ҳар яки мо, собиқадорони ҷангу меҳнату санъат, боиси шараф аст. Мо газетаи мардумиро хонда, мегӯем, «ҳазорон шукр, ҷаридае ҳаст, ки намегузорад меҳнату заҳмати мо фаромӯш шавад». Худо баракататон диҳад ва сафи хонандагонатон  афзояд. Мо Метавонем!

 

саҳ 15 аз 62

Китобҳо

Flag Counter