Мирзо Содиқ адиб ва журналист аз н. Шамсиддини Шоҳин меҳмони ҳафтаномаи СССР шуда, гуфт, пас аз Ковид-19 шеъре дар бораи дарёи деҳаам навиштам ва ин дарё буд, ки ман сиҳҳат ёфтам:
Яке аз дарёҳои шояд кутоҳтарин ва бовиқортарини Дашти Ҷум Ниёб мебошад ва масоҳати он аз сарчашма то резишгоҳ ба дарёи Панҷ 40-50 км аст. Ин дарёи саркаш аз қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ ва Дарвоз тавассути кӯҳи баландтарин дар вилояти Хатлон сарчашма мегираду садҳо чашмаю наҳрҳоро ба худ мутеъ намуда, ба дарёи Панҷ ниҳон мегардад:
Сангоби Ниёби ман ҳама рангинай,
Ҳар санги дарунаш орӣ аз оҳу кинай.
Дониста бимон пой, ки санг дорад ҷон...