«Ку ҳуҷҷат, жест ва значокат? ГАИшник бе ин 3 чиз ҳаққи манъ кардан ва протокол тартиб доданро надорад». Нозир мегӯяд, «ҳақ дорам». Назди сардори БДАи ноҳия даромадам. Сардор низ мегӯяд, «нозир бе жесту значоку ҳуҷҷат 100% ҳаққ дорад, ронандаро манъ кунад». Аз сардор барои исботи суханаш қонунро талаб кардам, нишон дода натавонист. Ба сардор гуфтам, ки «шумо ҳуқуқи маро поймол кардан доред», дар посух мегӯяд: «Рав, ба куҷо муроҷиат мекунӣ, кардан гир! Аз дастат чизе намеояд». Аз вазири ВКД ҶТ эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ба ин қазия дахл кунад ва ба зердастонаш қонунро фаҳмонад, зеро Душанбе бе дарвоза нест!