ХАБАРИ ДОҒ

Илҳом-командир моро гадо кард!

  • Душанбе, Май 16 2016

Соҳибкор Ҳоҷӣ Ашуралӣ Мирзоев, аз деҳаи Нодирии ноҳияи Файзобод (тел: 919 82 32 42) дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, ки аз соли 2002 то с.2008 маҳсулоти нуриҳои минералӣ, аз қабили селитра, мочевин (карбамид), суперфосфат, ядохимикат…-ро аз ш.Хуҷанд оварда мефурӯхтем.

Дар он солҳо ба АООТ «Колхозобод» (раҳбараш Муҳаббат Гулмуродов) нуриҳои минералиро бо қурби онвақта ба миқдори 80.900 доллари амрикоӣ фурӯхтем. Гулмуродов ба ширкати ОАО «Тамер ИНБ» (раисаш Илҳом-командири боҳтурободӣ) пахта дода, бо мактуби хаттӣ фармудааст, ки «қарзи соҳибкоронро бидеҳ!», аммо 8 сол боз ҳаққи ҳалоли моро «Тамер ИНБ» намедиҳад. Бо ин мушкил то имрӯз ба ВКД ҶТ, Агентии мубориза бар зидди коррупсия, УБОПи ҷумҳурӣ, Прокуратураи ш.Қӯрғонтеппа, Прокуратураи генералӣ ва ба Дастгоҳи президенти ҶТ хаттӣ муроҷиат кардам, аммо ягон натиҷае нашуд. Яъне 8 сол боз бо ваъдаи «Тамер ИНБ» саргардонем. Аз пушти ин қарзи бузург падарам гадо шуд. Ба ҳисоби ман, даҳҳо нафар ба ӯ маҳсулот қарз дода, аз нодорӣ ба Русия мардикорӣ рафтаанд. Ман бо умеду боварӣ ба даргоҳи СССР омадам, ки ақаллан ҳарфи мо ба гӯши масъулин мерасад…

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter