ХАБАРИ ДОҒ

Хатлон: ҳоли табоҳи теппаи №1

  • Чоршанбе, Июл 26 2023

 Ҳангоми вуруд ба ш.Бохтар чашматон ба Теппаи таърихӣ меафтад. Теппае, ки ҳамин ҳоло аз дур ҳамчун нишонаи шаҳр зебову чашмбар ба назар мерасад, аз наздик ҳоли табоҳе дорад. Чун шаҳрванди қаторӣ ҳангоми истироҳат хостам бо пайвандон ҳамин Теппаро, ки таърихашро дар китобҳо хондаму аз забони чандин нафар тавсифашро шунидаам, бубинам. Тарбуз аз бағал утфод, ки вақти боло баромадан дарҳо ба рӯямон баста буданд. Сабабашро аз нафарони он ҷо буда пурсон шудаму дар ҳайрат афтодам. Наход дарҳои ин Теппаи таърихӣ 2 сол зиёдтар ба рӯи таърихдустдорону сокинон минҷумла меҳмонони дохиливу хориҷӣ баста бошад?!

 

Ифтихори вилоят

Хонандаи азиз, чанде аз таърихи Теппаи - Қӯрғонро бароят меорам.

Теппаи Қӯрғон аз асрҳои 1-2 мелодӣ инҷониб вуҷуд дорад. Он муъҷизаи табиат набуда, дастӣ сохта шудааст. Дар болои он қасри шоҳони Вахшонзамин ва дар асри 19-20 қалъаи Беки Левакант ҷойгир будааст. Теппа муҳимтарин мавзеъ барои сайёҳони дохил ва хориҷи кишвар аст. Лекин бо сабабҳои фурӯ рехтани қисмати болои теппа, 730 рӯз шуд, ки бастааст.

Тавре Саидмурод Пиров, сардори Идораи сохтмони асосии ш.Бохтар ба СССР гуфт, ин мавзеи таърихӣ бояд дар солҳои наздик аз сари нав таъмиру таҷдид ва азнавсозӣ гардад:

   -Барои ин кор соли 2022 аз ҷониби сармеъмор- лоиҳакаши шаҳр бо Сарраёсати меъмории шаҳри Душанбе шартнома баста, 10,000 сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Лоиҳа аз тарафи ин ширкат пешниҳод карда шудааст. Дар ҳолати мувофиқат дуҷониба метавонанд онро азнавсозӣ кунанд, афзуд Саидмурод Пиров.

 

Маблағгузорӣ нест…

Чанде пеш раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидов аз мавзеи теппаи Қурғон боздид ба амал оварда, ба масъулин дастур дода буд, ки дар муддати кӯтоҳ барои азанавсозии ин объекти муҳими фарҳангиву таърихӣ тадбирандешӣ намоянд.

 Чун дар бораи супоришҳои раиси вилоят пурсон шудем, масъулон гуфтанд, ки сохтмони он ва лоиҳаи ин мавзеъ дар ҳолати омӯзиш қарор дорад. Тавре Саидмурод Пиров иброз дошт, дар ҳоли ҳозир ягон гуна маблағгузорӣ ба нақша гирифта нашудааст. Бояд зикр кард, ки Теппаи номбурда на танҳо таърихи ғанӣ дошта, муаррификунандаи шаҳр маҳсуб меёбад, балки минтақаи Хатлонро бо ҳамин зебоии сунъие, ки бо дасти инсон сохта шудааст, мешиносанд. Агар аз дилхоҳ нафар сокини шаҳр оиди 1 мавзеи номдори шаҳр пурсон нашавӣ, албатта ин Теппаи таърихиро мисол меорад.

 Ҳаррӯза даҳҳо нафар мехоҳад аз он дидан намояд, вале пушти дарҳояш қуфли калон задаанд. Мавзеи мазкур дар тавозуни мақомоти маҳал буда, масъулини Вилояти Хатлон ва Вазорати фарҳангро мебояд оиди азнавсозӣ ё бозсозии ҳамин мавзеъи номдор чораҳо андешанд.

 

Деҳқонӣ теппаро хароб кард!

Тибқи иттилои мудири бахши фарҳанг аз сабаби солҳои зиёд таъмир нагаштани бинои болозикр он имрӯзҳо ҳоли хеле баду ваҳим дорад. Ва 1  сабаби дигари фурӯ рафтани ин бино дар он аст, ки дар ҳудуди ҳамон Теппа кормандонаш бо...кишту кори маводи кишоварзӣ машғуланд. Бинобар зиёд об мондан замини назди иншоот рах пайдо намудааст.

 

“Бача дар сафар...”

Тавре дар сӯҳбат бо мо роҳбари бахши фарҳанги шаҳр Дилбар Зарифова иброз дошт, то ҷашни таърихӣ-35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимяти шаҳр ва бахши фарҳанги шаҳр тасмим доранд, бинои болои Теппаро пурра маблағгузорӣ намуда, азнавсозӣ намоянд.

   -Нигоҳубинаш бошад аз тарафи кормандони бахш ҳаматарафа таъмин гардида истодааст. Мо ҳам интизори гузариши маблағ ҳастем, ҳамин, ки имкон даст дод, аз пайи таъмири он мешавем, таъкид дошт Дилбар Зарифова.

Гуфта мешавад, то ҷашни 35 солагӣ барои азнавсозии ин теппа ва осорхонаи он бояд 500.000 сомонӣ гузашта он пурра азнавсозӣ гардад. Вале то он замон оё ин Теппаи таъмирталаб хатарзо намешавад? Суолест матраҳ...

 

2,5 ҳазор бозёфти таърихӣ куҷост?

Модоме, ки иншоот садамавӣ асту дарҳои онро бастаед, бозёфтҳои дохили он куҷо шуда бошанд?-ин суолест, ки бегумон садо дод.  

   - Дар дохил қариб 2,500 адад нигораҳо маҳфуз буданд. Лекин бо супориши раиси пешинаи шаҳр онро ба таҳхонаи Кохи фарҳанг гузаронидаанд, гуфтанд дар раёсати фарҳанг.

 

Осорхона ё Кохи фарҳанг?

Малоҳат Ҳусейнова, мудири толори Осорхонаи "Бибихонум" – ш. Бохтар мегӯяд, ки ин ҳолат аз соли 2020 идома дорад.

   -Барои пешгирии он 1 миқдор маҳсулоти сохтмонӣ оварда, ба қавле гирду атрофи Осорхонаро таъмир карданд. Локин бо сабаби хоки сунъӣ будани хокаш Теппа ба ин ҳол гирифтор шудааст. Аз сабаби садамавӣ будани бино Осорхона 6 декабри соли 2021 ба кохи навбунёди фарҳанг кӯчонида шуд.

 2471 нигорае, ки бозёфт ва харидорӣ карда шудааст, имрӯз боз бар зами ин қадар сарсониҳо имкони талаф гаштан дорад. Маълум аст, ки ёфтан ва харидорӣ намудани ҳар ашёи таърихӣ, ки бозгуйкунандаи 1 давраи тамаддун ҳисобида мешавад, осон нест, - мегӯяд Малоҳат Ҳусейнова.

Аксарияти мардум ҳоло намедонанд, ки Осорхонаи таърихии "Бибихонум" дар куҷо воқеъ аст. Шояд бо баста дидани дарҳои он бовар кунанд, ки он аз фаъолият бозмондаст. Аммо не, ҷои Осорхона ёфт шуд. Он имрӯз дар зербино ё худ подвали Кохи фарҳанг «фаъолият» дорад!

 

Нуриддин Қосимзода,

СССР,

вилояти Хатлон

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter