Кормандони поёнии ин идораҳо бо ваъдаҳо корафтодаҳоро гусел мекунанд. Синни ман ба 60 расидаву бо нони омӯзгорӣ ва сохтмончигӣ рӯз дидаам. Сентябри соли 2000 аз тарафи Луқмон Сироҷев-корманди ВКД ҶТ ба ҳавлии хонаи ман 1 тирдони автомати Калашников бо 30 дона тир ва 2 гӯгирдқуттии пур аз банг партофта шуд. Бо амри Худо ӯро дастгир намуданду ман аз бало раҳидам. Агар ин нафар ба мақсадаш мерасид, ман зиндонӣ мешудам. Аламовараш ин аст, ки ӯ ҳоло ҳам дар озодист ва шояд сари вазифа ҳам бошад. Пас аз воқеа кормандони ШКДи ноҳия ба ҷои он, ки ба ҳимояи ман бархезанд, маслиҳат доданд, чанд муддат дар ш.Душанбе зиндагӣ кунам. Бо машварати онҳо дар пойтахт чанд сол иҷора нишастам. Вақте ба ноҳия рафтам аллакай заминҳои президентии моро бо сохтакории ҳуҷҷат аз худ кардаанд.