Гербро чанде пеш аз маркази пойтахт канданд ва ин таърихи миллати мо аз замони ташкилёбии РСС Тоҷикистон ва нишони 1 нишонае аз советҳои мо буд. Дар он манора меҳнату пайкори 74-солаи бобоёни мо таҷассум ёфта, 1 рамзи таърихи давлатдории советии мо ва таърихи Душанбе низ буд. Онро соли 1954 ба муносибати 25-солагии РСС Тоҷикистон сохта буданд ва ҳамагӣ 51 сол умр дид. На танҳо Герби СССР, ҳатто театри Маяковский (собиқ Хонаи Деҳқон), театри Лоҳутӣ-саҷдагоҳи удабои мо, ки маҳфили онҳо он ҷо бештар барпо мегардид… инҳо ҳама матлаъе аз таърихи РСС Тоҷикистон аст. Бинед, ки дар Петербург 2-3 инқилоб сар зад ва доҳии пролетариат-Ленин метавонист, сари ғазаб ҳайкалу нишонаҳо аз замони Петри Кабирро барканад, аммо ин корро накард. Зеро Ӯ барои таърих фикр мекард. Ман зидди Генплан нестам, аммо таърих-осорхонаро бояд ҳифз кард. Ҳоло намедонам, ки барои фарзандону набераҳои худ аз кадом таърихи РСС Тоҷикистон нақл кунам?