Ғозибеки Авазиён, омӯзгори фанни забони русии мактаби №9-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, сокини деҳаи Худгифи Боло (тел: 92 811 85 97) дар меҳмонии СССР гуфт, ки ҳукумати ноҳия ба маъюбону беморон аслан таваҷҷӯҳ намекунад. Ман 4 сол боз ба бемории фишори чашм гирифторам, чандин бор ба сардухтури ноҳия муроҷиат кардам, ҳич таваҷҷӯҳ надорад, ки ман кистам. Мо дар масоҳати 500 км то Душанбе зиндагӣ мекунем, барои омадан ба ш.Душанбе шӯъбаи Ҳифзи иҷтимоии ноҳия барои роҳкиро ҳич кӯмак намекунад. Болои ин қадар мушкил маоши моҳи январи соли 2016-ро нагирифтаам. Ба раиси ноҳия хаттӣ навиштам, ки маоши моҳи январро диҳад, аммо ҳал накард. Писарам-Мубориз ба бемории қалб гирифтор асту ба ӯ саривақт кӯмаки моддӣ намекунанд. Агар муроҷиат кунем, рӯ турш карда мегӯянд, ки «мо аз шумо қарздор нестем-ку!». Ба шуъбаи маориф барои ёрӣ муроҷиат кардам, раиси иттифоқи касаба гуфт: «Шумо рафта чашматонро ҷарроҳӣ карда оед, баъд кумак мекунем». Соли гузашта нафақаи 6-моҳаи писарамро буриданд ва 780 сомонӣ пулашро надоданд, ҳол он ки ӯ маъюби модарзодист.