ХАБАРИ ДОҒ

Ширкатҳои мобилӣ то ба кай медузданд?

  • Душанбе, Авг 22 2016

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Ҳоҷӣ Нуриддини Хайриддин, сокини ноҳияи Сино (тел: 919 19 02 18) дар меҳмони газетаи СССР гуфт, ки дар шумораи гузаштаи СССР хондам, ки Назрулло Тиллоев-корманди Вазорати кишоварзии Тоҷикистон доир ба дуздии ширкати мобилии Вавилон андешаи худро баён доштааст. Хуб, ман чӣ гуфтаниям? Дуздиҳои ширкатҳои мобилӣ давом дорад ва давом хоҳад кард. Зеро ман ягон вақт ва дар ягон нашрияи даврӣ нахондаам, ки масъуле аз ширкати мобилӣ доир ба шикояти муштариёнаш дар матбуоти даврӣ посух дода, бахшиш пурсида ва ҷуброни зарарро баргардонида бошад. Аз ин рӯ, камина 1 пешниҳод дорам: Конкурси «РССТ-муаммои накшода»-ро барҳам дода, дар ҷояш 1 рубрика ё гӯшаи навро бо номи «Кадом ширкати мобилӣ баланси шуморо медуздад?» ташкил кунед. Баъд мебинем, ки чӣ қадар ҷабрдидаҳо доир ба дуздиҳои баланси телефонашон хоҳанд навишт. Шахсан аз телефони ман чанд вақт пеш 5 сомониро дуздиданд. Аммо ба кӣ мегӯӣ??? Чаро мақомоти қудратӣ раҳбарияти ширкатҳои мобилиро ҷарима ва ҷазо намедиҳанд???

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter