ХАБАРИ ДОҒ

Генпрокурор духтари маро экстрадиция мекунад?

  • Панҷшанбе, Апр 06 2017

Зулфия Сулаймонова (тел: 93 877 54 02) аз деҳаи Дӯстии н.Ҷайҳун (Қумсангир) дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман 1 дарди судӣ дорам. Духтарам Фирӯза Сулаймоноваи 30-сола, соҳиби 3 фарзанд, дар вилояти Владимирови Русия беш аз 2 сол аст, ки зиндонист. Ӯро бо тӯҳмат ва подставаи 1 гурӯҳи Тоҷикони худи мо 8 сол суд карданд. Аз квартираи ӯ дар ш.Маскав 1 сумкаеро ёфтанд, ки дар дохилаш, дар 1 пакет героин будааст. Ин дақиқан тӯҳмат аст, зеро баъди боздошт вақте медэкспертиза гузарониданд, 100% Фирӯзаи ман пок баромад. Вале бо ин ҳама, ба тақдир тан додаем. Ман танҳо мехоҳам, ки духтарамро аз зиндони Русия ба дилхоҳ зиндони занонаи Тоҷикистон интиқол диҳанд, то дар Ватан адои ҷазо кунад. Вазъи духтарам ба ҳадде бад аст, ки аз 70 килои будааш ҳоло ҳамагӣ 33 кг вазн дорад. Тоҷиконро дар он ҷо азият медиҳанд ва метарсам Фирӯзаам аз гуруснагӣ фавтаду 3 кӯдакаш ятим монад. Зеро ӯ шавҳар надорад! Аз Прокурори генералии ҶТ, мӯҳтарам Юсуф Раҳмон ва дигар масъулини дахлдор эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ба истирдоди духтарам ба Душанбе кӯмак расонанд, зеро 3 фарзандаш ба дасти ман асту бепадар ва бисёр зиндагии мушкил доранд. Бисёр дарднок аст, ки ҳар субҳ фарзандони Фирӯза дар ҷонамоз сар зада, аз Худованд илтиҷо мекунанд, то очаашонро дар озодӣ бубинанд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter