ХАБАРИ ДОҒ

Аз пушти муллоҳо чӣ фоида?

  • Чоршанбе, Апр 19 2017

Донишҷӯ Шодалӣ Равшанов, аз ноҳияи Хуросон (тел: 901 80 70 82) меҳмони газетаи мардумии СССР шуд ва гуфт, ҳайронам, ки чаро ҳаводорони сеҳру ҷоду ва фол дар ҷомеаи имрӯзаи мо зиёд шудаанд? Фикр мекунам, майл ба фолу ҷоду ин аз китоб дур мондани ҷомеа аст. Вагарна домуллоҳои маъруфи зиёд дорем ва ҳар яке дар амри маъруфи худ мегӯяд, ки сеҳру ҷоду куфр аст, вале бо ин вуҷуд мардум бо роҳи худ равонанд.

Ман зидди муллоҳои суннатӣ нестам ва алҳамдуллилоҳ мусалмонам, аммо бояд инро гуфт, ки насли баъди солҳои 90-ум аз бекитобиву бесаводӣ гумроҳ шудан доранд ва намедонанд аз пушти кӣ бираванд? Онҳо, ки саводи диниву дунявӣ надоранд, аз пушти ҳар бузрише рафтан мегиранд. Ба ин ҳама наметавон, ки ҷанги гражданиро айбдор кард. Зеро дар Афғонистони ҳамсоя беш аз 40 сол боз ҷанг идома дорад, аммо бинед, ки кӯдаконаш чӣ хел бурро сӯҳбат мекунанд. Ёдам ҳаст, вақте журналист Сафват Бурҳонов мақолаеро бо номи «Қуръон хонеду аз пушти мулло наравед!» дар СССР чоп кард, хело мардум ӯро нафаҳмиданд. Ҳатто дар шоҳидии ман нисбати муаллиф ҳамун афроди бесавод гапҳои пасту баланд мезаданд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter