ХАБАРИ ДОҒ

Рӯза дармон асту табаррук!

  • Душанбе, Июн 05 2017


Ҳадиятулло Каримов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии исломии Тоҷикистон (тел: 98 816 79 79) дар меҳмонии СССР гуфт, ки мардуми азизи кишварро бо моҳи шарифи Рамазон сидқан таҳният мегӯям. Ин муборак моҳест, ки Қуръони азимушшаън бар Муҳаммад (с) ва инчунин ҳама кутуби самовӣ нозил шуд. Ин моҳи шариф мардумро ба покизагии руҳу ҷисм ҳидоят ва қалбҳоро нарм мекунад, то ки ҳамзистиву ҳамбастагии байни инсонҳо бештару беҳтар гардад. Ҳамзамон тавассути рӯза доштан сиҳатмандии инсон комилтар мегардад. Ба таъбири дигар дар муддати моҳи шариф дунёи маънавии инсон болида шуда, ҷисмаш роҳат ёфта, қавӣ мегардад. Дар маҷмуъ, дар ин моҳи шариф сарҳади ҳаққу ботил ва ҳалолу ҳаром чун оина муҷалло мегардад, ки инсони нек онро ба чашми сар мебинад, тавассути эҳсосу идроки ботинии хеш. Аслан Худованд моҳи шарифи Рамазонро барои бандагонаш аз он ҷиҳат фарз кардааст, ки ҷисму рӯҳашон роҳат ёбад, аз фисқу фуҷур ва нобасомониҳои мухталиф. Бо раҳмати Аллоҳи зулҷалол дар айёми моҳи рамазон инсони рӯзадор дар даҳаи аввал муҷиби раҳмат ва дар даҳаи сонӣ боиси мағфират ва дар даҳаи сеюм аз оташи дӯзах наҷот меёбад. Даҳаи охир шабест барои қадр-лайлатулқадр-беҳтарини  шабҳо барои ибодат, ки бо ояти каримаи «Лайлатул қадри хайрум-миналфи шаҳр» собит шудааст.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter