26.02.2016. Соат бо вақти Душанбе 13:19 дақиқа.
Ҷанговари башардӯсти Афғонистон, Ҳикматулло Мирзоев, аз муборизони фаъоли Фронти халқӣ дар «нуқтаҳои даргир»-и Қурғонтеппа, аз барқароркунандагони Ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон меҳмони газетаи мардумии СССР шуд ва гуфт, ки дар матбуоти даврӣ, аз ҷумла, дар газетаи СССР зиёд перомуни таърихи ҷанги гражданӣ менависанд. Бештари навиштаҳо хато, дурӯғ ва фарсахҳо дур аз ҳақиқатанд. Ман хотираи зиёд дорам аз ҷангҳои бемаънӣ дар шаҳру навоҳии Кӯлоб, собиқ вилояти Қӯрғонтеппа, перомуни муҳорибони маъруфи даврони ҷанги гражданӣ-Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов, Қурбони Чол, дар хусуси аввалин митингҳо дар Кӯлоб ва Майдони Озодии Душанбе. Ҳоло тасмим гирифтаам, ки ёддошти худро ба тафсил барои СССР бигӯям. Дуруст, агар он таърихро мо нагӯем, дар оянда он афсона ва дурӯғ мешавад ва бегонаҳо аз номи худ бофтаву тофта таърихи моро навиштан мегиранд… Хонандаи СССР интизор шавад, дар наздиктарин шумора тибқи ваъда хоҳам навишт.