ХАБАРИ ДОҒ

Узви Ихвон-ал-СССР, Шамс Зариф, сокини ноҳияи Восеъ (тел: 95 190 50 82) ҳамроҳи журналист Сипеҳри Ҳасанзода бо 1 баста ҳуҷҷатҳо меҳмони СССР шуд ва гуфт, ки мехоҳам, дар ҳар сафари президент дар минтақаи шаҳру навоҳии Кӯлоб бо президенти кишвар вохӯрда, арзу шикоятамро гӯям, аммо ҳар замон пеши роҳамро мегиранд. Аввал ҳуҷҷат, ё даъватнома талаб мекунанд, дар посух риши сафедамро нишон дода мегӯям, ки ҳамин риши сафедам барои ту ҳуҷҷат нест? Охир, ман низ мисли дигар шаҳрвандон андеша ва хостаҳои худро дорам ва ҳақ ҳам дорам, ки бо президент вохӯрам, зеро дар қатори садҳо ҳазор аз сокинон дар интихоботи президентӣ ба ӯ овоз додаам. Яъне ман ҳуқуқ дорам, ё не? Ҳол он ки ман дар сӯҳбат бо Президент фақат 1 ҷумла гуфтаниям: «Исмоили сонӣ туӣ!» Тамом!!! Баъд аз баромад «аммо баъдаш…»-ро дар сӯҳбати рӯ ба рӯ хоҳам гуфт. Ман дар ҳайратам, ки чаро ҳокимиятҳои маҳаллӣ барои дидори сокинони бумӣ бо президент монеа мешаванд? Онҳо аз чӣ ва аз кӣ метарсанд? Охир, синну соли ман ба ҷое расидааст, ки аз ман тарсанд!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter