Узви Ихвон-ал-СССР, муаллими собиқадор, узви ИЖТ, Шарифҷон Раҳимзода, аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар меҳмонии СССР гуфт, ки рӯзи шанбеи 7.07.2018 хостам ба ш.Турсунзода рафта набераҳоямро хабар гирам. Соатҳои 7:00 бо табъи болида аз хона баромадаму соатҳои 9:30 ё 10:00 дар ш.Душанбе аз назди бозори Саховат ба нақлиёти мусофирбари Старекс (хатсайри №28) нишастам. Ронанда ҷавони ҳузарби «сақичхояк» бо либоси сабзи остинкӯтоҳ ҳар дам ба мусофирон «или два рубля, или автобус» гуфта хитоб мекард. Аз ҳама мусофирон 2 сомонӣ гирифт. «Худаш шоҳу табъаш вазир» буду бо дағалӣ табъи моро хира кард. Ронандаи эркатулфор ҳама мусофиронро дар истгоҳи Зарафшон фаровард, чунки ба қавли ӯ, ин ҷо истгоҳи охирин будааст. Баъзе илтимос карда, ки то истгоҳи Зарнисор бояд бубарӣ. Ӯ бо дағалӣ боз 2 сомонӣ талаб кард. Мо нафаҳмидем, ки истгоҳи охирини №28 Зарафшон аст, ё Зарнисор? Хулоса, ҳамон рӯзи «наҳс» камина 3 сомонӣ сарф карда, то маҳаллаи Зарнисор, 3 км пиёда рафтам. Дар Душанбеи нозанин, ки ҳар роҳу гулгашташ имрӯз биҳиштосо шудааст, чунин ронандагони дағалгуфтору баднафс чун заҳрпечак ҳоло ҳам ҳастанд.
Ронандагони баднафсро биронем!
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар