Журналист Қурбон Аламшоев, ки 3.05.2019, дар рӯзи Озодии Сухан дипломи вежаи СССР-ро соҳиб шуда буд, аз ш.Хоруғ барои гирифтани ҷоиза омадаву дар меҳмонии СССР гуфт, «Сароғоз сипоси худро ба газетаи мардумӣ мерасонам, ки мо-журналистони музофотиро қадрдонӣ мекунад. Дипломи шумо боиси фараҳмандии мост. Ва баъдаҳу роҷеъ ба 1 проекти навам гуфтаниям: Тӯли 4 соли охир дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Фестивали табиати ваҳширо мегузаронем. Ин идея аслан дар Иттиҳодияи ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир» пайдо шуд, ки банда роҳбараш ҳастам. Табиати ваҳшӣ онест, ки берун аз назари мо уфтодааст. Дар табиати ваҳшӣ ҳазорҳо рустанӣ ва ҷонварон ҳаст, минҷумла, озодапаланг, ки баъзе бабри барфӣ меноманд. Чаро озодапаланг? Зеро озода асту ҳаргиз ба одам ҳамла намекунад. Инчунин фақат сайди ҳалол (харгӯш, суғур, бӯзи кӯҳӣ…)-ро мехӯрад. Проблема чист? Шикорчиёни бераҳм маҳз ҷониби чунин ҷонвари камёфту беозор тир холӣ мекунанд. Ҳадафи мо ҳифзи озодапаланг аст. Ва на танҳо ин, ки нисбати тамоми ҳайвоноти табиати ваҳшӣ бераҳм шудаем. Хаёл мекунам, имрӯз табиати мо бесоҳиб аст. Зимнан ба хулосае омадем, ба мардуми олам ва шикорчиҳои маҳаллӣ нишон диҳем, ки табиати ваҳшӣ бесоҳиб нест!!! Мо соҳиби ӯем ва Мо Метавонем! Дар бораи ин проблема дар шумораҳои ояндаи СССР ҳатман менависам.