Қодир Қодиров, сокини ноҳияи Деваштич меҳмони редаксияи газета шуда, нахуст гуфт, ки саломи худро ба ҳамаи дӯстдорони газетаи СССР мерасонад. Пасон бо алам иброз намуд, ки амонати дар шуъбаи амонатгузории “Агроинвестбонк”-и ш. Хуҷанд дар соли 2016-ум мондаашро то ба ҳол гирифта наметавонад.
- Миқдори умумии амонати ман 9 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод. Аз ҳамон рӯз то ин ҷониб бонки “Агроинвестбонк” наметавонад маблағи маро бозпас диҳад. Борҳо ба номи раиси бонки мазкур Муродалӣ Алимардонов аризаи шикоятӣ навишта будам, вале бенатиҷа. Агар М.Алимардонов пул надошта бошад, пас галаи аспону чорвои беҳисоб дорад, онҳоро фурухта, пули мардуми амонатгузорро баргардонад! 1 аспаш пули ман мешавад. Вале ин пул маро 4-сол шуд, дарбадар кардааст. Инсоф дорад, ин мардак?! Вазъият дар ҷаҳон рӯз аз рӯз бадтар шуда истодаасту мабодо Алимардонов ба ҳамин бемории коронавирус гирифтор шуда аз олам чашм пӯшад, пуламро, ки ба ман бозпас медиҳад? Ман фардо рӯзи қиёмат ҷои ин пул аз Алимардонов эмонашро талаб мекунам ва барои ин ҳаққу ҳуққ дорам! Мо Метавонем!