ХАБАРИ ДОҒ

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, дӯзандаи моҳир Сокина Раҳимова, аз маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои пойтахт дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, ки чаро занони шуҷоъу фаъоли Тоҷикро ба ёд намеорем?

Гурдофаридони мо зиёданд, ба мисли Бӯринисо Бердиева-журналисти ҷасур ва озодихоҳи Тоҷик, ки 1 умр доди ватанхоҳӣ зада, дар бораи Наврӯзи Аҷам мегуфт, Патӣ Азизова-аввалин милитсионер, нафаре, ки нахустин шуда дар ш.Панҷакент дар байни занҳо фаранҷиро партофт. Яъне зан ҳам метавонад, мисли мардони Тоҷик қавииродаву шердил бошад. Чаро зан вакил, раис ё сардор набошад? Ҳамаи занони Тоҷикро барои пешравию ғайрати миллӣ даъват карда гуфтаниам, ки ҳамеша дар фикри ободӣ бошанд. Аз хусуси проблемаю мушкилоти хонаводагӣ фикр накунанд. То одам ҳаст, зиндагӣ ҳаст, проблема ҳаст ва мо Модарон бояд ин проблемаҳоро ҳаллу фасл кунем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter