ХАБАРИ ДОҒ

Дарвоз: Дастнорасӣ ба газетаҳои хусусӣ!

  • Панҷшанбе, Апр 28 2016

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи СССР, узви Иттифоқи журналистони СССР, Муҳаммад Маҳмадов, собиқ сардабири нашрияи «Дарвоз»-и н.Дарвоз (тел: 909 39 52 25) меҳмони гиромии СССР шуд ва гуфт, ки дар ноҳияи мо ягон хел аз нашрияҳои хусусӣ дар фурӯш нест, аниқтараш намеоянд!

Дар ёд дорам, дар 25 соли Истиқлолияти давлатии ҶТ ягон бор дар маркази ноҳия фурӯши нашрияҳои даврии мустақилро надидаам, аммо нашрияҳои давлатӣ, дер ҳам бошад, тариқи обуна дастрас мешаванд. Мушкили набуди ҳафтаномаҳои хусусӣ қариб дар ҳама навоҳии Кӯҳистони Бадахшон ҳаст. Мо ба нашрияҳои СССРу Нигоҳу Фаражу Озодагону Миллат ва Имрӯз-нюс… сахт талабгорем, аммо кӣ мерасонад? Каҷ шину рост гӯй! Нашрияҳои расмиро ҳич кас намехонад, зеро матолиби ҷолиб ва дардхӯрди ҷамъиятро наменависанд. Чизе, ки матбуоти хусусӣ чоп мекунад, газетаҳои давлатӣ ҷуръати чоп кардан надоранд. Ман ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқ аз Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз масъулини дахлдор эҳтиромона хоҳиш дорам, ки мушкилоти маънавӣ-дастнорасӣ ба нашрияҳои мустақилро дар музофот дида бароянд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter