Ҷамшед Сатторов, сокини ш. Ваҳдат, омӯзгори мактаби мусиқии бачагонаи № 1-и ш.Ваҳдат ба номи Фозил Солеҳов меҳмони идора шуда гуфт:
- Муддати 20 сол аст, дар ин омӯзишгоҳ дарс медиҳам. Дар яке аз шумораҳои газетаи СССР хондам, ки мудири шӯъбаи фарҳангӣ шаҳр Эркамоҳ Мирзозода, мактаби мусиқии бачагонаи № 1-ро садамавӣ унвон карда, инро сабаби кӯчонидани ин мактаб ба ҷои дигар медонад. Аммо ин фикр тамоман нодуруст аст. Ҷое, ки барои мактаби нав ҷудо кардаанд, дар наздикии бинои 4 ошёна қарор дошта, садои мусиқӣ истироҳати мардумро халалдор мегардонад. Аз тарафи дигар, Президенти ҶТ Эмомали Раҳмон борҳо дар баромадҳояш таъкид кардааст, ки ба муассисаҳои фарҳангии бачагона дар кишвар бояд таваҷҷӯҳе хосе дода ва ин биноҳо бояд тахрибу фурӯхта нашаванд. Мактаби мо садамавӣ нест, танҳо як ҷои бом мечакаду халос. Синфхонаҳоро бошад, муаллимон аз ҳисоби худ таъмир кардаанд. Мо дар мактаб 27 синфхона ва 2 толор (калон ва хурд) дорем. Аммо мактаби наве, ки барои мо ҷудо кардаанд, ҳамаги 14 синфхона дошта, толор ҳам надорад. Ин бино барои дарси мусиқӣ аслан шароит надорад.