Бозорбой Пулодов, муаллиф, хонанда ва дӯсти газетаи мардумии СССР, сокини н.Данғара меҳмони идора шуда, дар бораи набудани дӯкончаҳои рӯзномафӯрушӣ ва истгоҳҳо дар н.Данғара изҳори нигаронӣ кард.
- Ман дар маркази н.Данғара 1 дӯкончаи хурдакаки рӯзномафӯрушӣ доштаму ҳамарӯза дар вақти корӣ онро мекушодам, то ин ки мардум аз замона қафо намонанду газетаву журнал хонанд. Намедонам бо чӣ сабаб бошад, ки дӯкончаро бо далелҳои бардурӯғ аз дастам гирифта, бастанд. Ман ҳайрон мешавам, чаро, ки дискоклубҳои Данғара то соатҳои 2-3-и шаб кор мекунанду касе ба онҳо чизе намегӯяд, вале 1 киоск халал овард. Ба ҷойи дӯкончаҳои рӯзномафӯруширо аз байн бурдан хубаш дискоклубҳоро бандед. Ҳоло дар маркази н.Данғара 2 мушкилӣ ҳаст-яке набудани киоски рӯзномафурӯшӣ ва дигаре набудани истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ. Айб нест оё, дар шаҳраке, ки қаҳрамони миллат таваллуд шудаву сабзидааст, 1 дӯкони рӯзномафурӯшӣ набошад?