Тахминабону Саидзода, сокини ш.Душанбе (тел: 93 305 99 90) меҳмони идора шуда, гуфт, ки новобаста аз он, ки маълумоти олии тиббӣ дошта, Донишгоҳи 2-юми ҳарбии тиббии Артиши Халқии Озодихоҳии Хитойро бо муваффақият соли 2019 хатм кардааст, ҷойи кор ёфта наметавонад.
- Ман соли 2011 барои таҳсил ба Хитой рафта, дар Донишгоҳи 2-юми ҳарбии тиббии Артиши Халқии Озодихоҳии Хитой, ки дар ш.Шанхай қарор дорад, 8 сол таҳсил намудам. Ихтисосам акушер-гинеколог буда, дар ин муддат 6 сол бакалавр ва 2 сол магистрро бо забони хитоӣ хондам. Аз беҳтарин устодони хитоӣ сабақ гирифтаму таҷриба. Ҳоло бо гузашти 2 сол ба Ватан баргаштаву дар ҷустуҷӯи ҷойи корам. Қариб, ки тамоми муассисаҳои тандурустии пойтахт ва ҳатто ш.Ҳисорро ҳам гаштам, вале дар ягон ҷо ба кор қабул намекунанд.
6 моҳ шуд дипломам дар Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи маориф ва илми мамлакат барои баробарарзишӣ хоб аст. Магар ба соҳаи тандурустии имрӯзи Тоҷикистон ҳамчун ман 1 мутахассиси ҷавони дараҷаи байналмилалӣ лозим нест?