Вайсиддин Шамсов собиқадор дар соҳаи тандурустӣ аз к. Испечак-2 –и пойтахт (тел: 931 96 45 30) ба редаксия омада дар бораи ваксинагирӣ ва ҳисси он чунин гуфт:
- Рӯзи 12.06.2021 табиби оилавӣ ба хона омада гуфт, ки рафта дар маркази саломатии №14-и н.Сино ваксина гираму эм гузаронам. Синам ба 79 расидаасту баъзеҳо гуфтанд, эмгузаронӣ накунам ҳам мешавад. Вале ман дар байни дӯстонам намуна ва пешқадам шуда, рафта эмгузаронӣ кардам.
Баъди эмгузаронӣ ман аз саломатиям ҳеҷ шикоят надорам ва ягон ҳисси баде вуҷудамро фаро нагирифт. Одамон набояд аз ваксина тарсанд. Ин ба фоидаи саломатии мову шумост, алалхусус барои мисли ман солхӯрдаҳо. Шумо ҳам ваксина гиред, то ин ки эмин бошеду наҳаросед. Ман баъди ваксина ба табъ, сулфа, беҳузурӣ ва бемадорӣ муқобилият бурда, онро аз сироят кардан дур кардам. Ман тавонистам!