Саидҳасан Саидмеҳтар, сокини шаҳри Хоруғ ба идораи ҳафтаномаи СССР меҳмон шуда, дар бораи бартариҳои давраи шӯравӣ сухан кард.
- Давлати СССР идеяҳои хуб дошт. «Моралный кодекс», «Одам ба одам зинда аст», «Аз одам ба дунё омадаем, ҳама одамем» ҳамаи ин шиорҳо қурб доштанду ба он амал мекарданд. Вале мутаассуф одам то ҳол одам нест, ба мартабаи болои инсоният нарасидааст, азбаски мартабаи худро намефаҳмад. Одам одамро мисли ҳайвон мекушад, фиреб, дуруғ, бахилӣ имрӯз хислати фитрии инсонҳо шудааст. Ин ҳама бадиҳо дар вуҷуди 1 одам набояд бошад. Инсоният дар давраи шуравӣ буд!