Нигора Ҳалим, сокини ш.Душанбе меҳмони идораи газетаи мардумӣ шуда иброз намуд, ки дар бозорҳои Душанбешаҳр нархи маҳсулоти хӯрока гарон гаштаву касе сари роҳи чунин беадолатии савдогарон намешавад.
- Дар оилаи мо танҳо шавҳарам кор мекунад. Ҳама медонем, ки маоши буҷавӣ кам аз 800 сомонӣ аст. Ману шавҳарам ва духтарчаи 5 солаам дар хонаи иҷора менишинем, пештар нархи иҷораи 1 хоначаи бешароит 500 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло бошад, бо сабаби сардии зимистон хонадорон баробари баланд шудани нархи маҳсулоти хӯрока нархномаи иҷоранишиниро низ баланд бардоштаанд. Намедонем ин маошро ба пули иҷора пардохт кунем ё сарфи хӯрока, бе ин ҳам рӯзамон нимсер мегузарад ва чунин хонаводаҳо дар кишвар кам нестанд.