ХАБАРИ ДОҒ

Аз ихлосмандони сарсахти газетаи мардумии СССР, Ҷумҳур Ҷаъфарови 82-сола, собиқадори матбуоти Тоҷик, сокини шаҳри Ваҳдат дар меҳмонии СССР гуфт, ки камина набераи маорифпарвар, журналист, публисист ва мутарҷим Саидризо Ализода, аз авлоди «саидзодаҳо» ҳастам.

Ӯ падари модарам буд. Бобоямро соли 1938 бо ҷурми «ҷосуси англис»-ӣ дар тюрмаи шаҳри Владимири Русия маҳкам намуданд ва дар маҳбас ҷон супурд. Ҳоло дар шаҳри Самарқанди Ӯзбакистон 1 мактаб, 1 музей ва 1 хиёбон ба номи бобоям аст. Маврид ба зикр аст, ки Ализода ба устод Садриддин Айнӣ ҳаққи устодӣ низ дорад. Ҳоло 1 набераи ӯ Фарҳод Ализода дар Маскав зиндагӣ дорад ва директори музейи «Саидризо Ализода»-и Самарқанд низ ҳаст. Бобоям дар замони инқилобии Осиёи Миёна муассиси мактаби ҷадидизм буда, шогирдонаш дар тамоми дунё паҳн шудаанд. Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Фитрат Афандӣ, Зеҳнӣ, Айнӣ тарбиятдидаи ҳамин мактаб ва ҳамкори бобоям низ буданд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter