ХАБАРИ ДОҒ

Пушаймонам ва узр мепурсам...

  • Чоршанбе, Янв 26 2022

 

13.01.2022. Соат ба вақти Душанбе 10:00 дақиқа. Фаррух Каримов сокини ш. Душанбе, ронандаи Рахш-Такси-3333, ба меҳмонии газетаи СССР омада, гуфт, ки  санаи 27.12.2021, соати 09:44 дақиқа,  супориш гирифта, ба суйи манзили мизоҷ рафтам. Бо сабаби оне, ки  писарамро ба беморхона хобонда будам,  ҳамон рӯз ҳолати руҳиям хуб набуд ва  ба мизоҷ Омирона Достиева паёмаки бад равон кардам. Аз ин кардаам хеле пушаймонам ва  барои ин амали бадам аз Омирона Достиева, муаллифи матлаби “Рахш такси-хизматрасон ё ҳақоартчӣ” узр мепурсам.

Аз СССР: Мо мардона узри ин нафарро қабул кардем ва бахшидем. Зимнан ҳар корманди хадамоти нақлиётро лозим аст, ки одобу эҳтироми муштариро риоят кунад, ки Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter