ХАБАРИ ДОҒ

Фишори мо аз «Сулаймон»-у «Алаказай» аст

  • Ҷумъа, Май 06 2016

Узви Ихвон-ал-СССР, мардикор дар иншоотҳои сохтмонии шаҳри Душанбе Муҳиддин Ҳайитови 46-сола, сокини ноҳияи Қубодиён меҳмони СССР шуд ва гуфт, ки 8 сол пеш 1 мушоҳида дар бораи чой кардам ва аниқ намудам, ки аксари бемориҳои мо аз расвоӣ ва ифлосии чой будааст.

Масалан, чойи хушки сиёҳро ҷӯшонида, дар пиёла рехтам, то хунук шаваду ташнагиамро шиканам. Баъди 2 соат пиёларо дидам, ки мисли лойоба сип-сиёҳ шудааст. Тибқи муқоиса ва хотираи ман аз ин пеш аслан чой мисли ин лойоба набуд. Ба пиндори ман ин чойҳоро заҳролуд кардаанд. Имрӯз 100% гарантия медиҳам, ки 95% чойҳо дар таркибашон химикат доранд, аз ҷумла, «Сулаймон», «Бета», Алаказай… Тибқи ташхиси ман бемориҳои қанду фишори хун, дил ва саратон, ки вақтҳои охир хело дар ҷамъияти мо афзудаанд, сарчашмааш аз чойнӯшист.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter