Файзимо Бибиева, сокини ш. Душанбе меҳмони газетаи мардумии СССР шуда афзуд, ки нафақааш хеле кам буда, барои гузаронидани рӯзгораш намерасад.
- Нафақаам хеле кам аст, бемораму духтурон бе пул табобатам намекунанд. 40 сол собиқаи корӣ дорам. Дафтарчаи нафақахӯриамро нишон ҳам диҳам, бе пул ҳатто ба гапҳоям гӯш намекунанд. Касе аз ҳукумати ноҳия ва дигар сохторҳо ҷашнвораҳо 1 сӯ истад, ҳамту боре ба хонаам омада хабар намегиранд. Ҳамеша тариқи телевизион мебинам, ки аз тарафи давлату ҳукумат ба шахсони танҳо, маъюб ва беморон кӯмакпулӣ ва хӯрока тақсиму тақдим мекунанд, вале барои мани бефарзанд дар ҷойе чизе нест, чаро!? Оё шахсони бефарзанд ягон имтиёз доранд? Ман бисёр мехостам, ки мухбирони СССР дар ин бора нависанд.