ХАБАРИ ДОҒ

Шамол дарвозаи Ҳисорро парронд

  • Сешанбе, Май 10 2016

Узви Ихвон-ал-СССР, Сафаралӣ Сатторов, сокини деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман дар 2 мавзуъ кӯтоҳ гуфтаниям: 1.Дар гардиши роҳи ш.Ҳисор (омадан аз сӯи ш.Турсунзода) ҳини вазиши сахти шамол ва борони сел дарвоза бо шиору овезаҳояш ба осмон парид.

Яъне устоҳо дарвозаро мустаҳкам насохта, шояд маҳсулоти бесифатро ба кор бурдаанд. 2.Тавре медонем, 12 май доир барои ифтитоҳи лоиҳаи бузурги САSА-1000 дар н.Шаҳринав чорабинии бузург бо ширкати 3 кишвар барпо мешавад. Ба ин муносибат аҳолии 3 ноҳияро ҳафтаи 2-юм аст, ки дар зери борон ба ҳашар баровардаанд. Мардум мисли парадҳои 1 ва 9 май ба кӯча баромада 2 самти роҳи Душанбе-Турсунзодаро аз алафу партов тоза ва заминҳоро шудгор мекунанд, гулу гиёҳ мешинонанд, бетону оҳан ранг мекунанд. Ҳол он ки Ҳукумати 3 ноҳия-Турсунзода, Шаҳринав ва Ҳисор бояд барои иҷрои ин кор коргарони худро дошта бошанд, вале аз заҳмати мардуми маҳаллӣ истифода мебаранд. Ман зидди ободӣ нестам ва 100% ҷонибдори лоиҳаи САSА-1000 мебошам, аммо гап сари имконият ва шароит меравад, ки аксарияти аҳолӣ ин ҳардуро надоранд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter