ХАБАРИ ДОҒ

 

 Гулрухсор Раҳматзода, сокини н. Кушониён меҳмони идора шуда гуфт, ки аксарияти волидайн пас аз ҷудо шудани фарзандон, хосса духтарон талош мекунанд, ки духтари худро дар хонаи шавҳар маскун намоянд, ки ин дуруст нест.

   - 14 сол аст, ки оиладор ва соҳиби 4 фарзандам. Шукр зиндагиам тинҷу осуда аст. Таҷриба ва мушоҳидаҳои гирду атроф дарак аз он медиҳанд, ки падару модарон пас аз ба шавҳар додани духтаронашон, ҳамеша камбудии хонаводаи домодро пайдо ва бо ин оилаи солимро вайрон мекунанд. Баъд сар мешавад ҷангу ҷанҷолу суду прокуратура ва охири аксари ин ҷанҷолҳо маскун кардани зани кӯдакдор дар хонаи шавҳар аст.

Зиндагӣ пастию баландӣ дорад, дар кадом хона камбудӣ нест? Маскун кардан дар хонаи шавҳар роҳи ҳал нест! Ҳеҷ зане пас аз ҷудоӣ дар хонаи маскуншуда рӯзгори тинҷу осуда надорад!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter