ХАБАРИ ДОҒ

Рамазон Усмонов, нафақахӯр, фарди баробаршуда ба иштирокчии Ҷанги Бузургӣ Ватании солҳои 1941 – 1945, сокини деҳаи Ҳаёти нав, ҷамоати Қалъаи ш.Ҳисор меҳмони идора шуда (тел: 934862223), гуфт, ки аз ҳайати эҷодии газетаи СССР хоҳиш менамояд, ки 1 маротиба ба маҳаллаи зисти онҳо рафта, бо  вазъи воқеӣ ошно шавад.

   - Гап сари он аст, ки мо дар бинои 5 – ошёна – хобгоҳҳои собиқ Комбинати нобиноён зиндагӣ мекунем. Ҳоло комбинати куҳна ба 2 корхонаи нав мубаддал гардида, дар шафати бинои мо беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ ва асаб низ ҷой гирифтааст. Мушкили мо он аст, ки ба ошёнаҳои болоӣ оби ошомиданӣ намебарояд. Об танҳо то табақаи 3- юм баромада, мо бошандагони ошёнаҳои болоӣ маҷбурем, об кашонем. Проблемаи камобӣ аз ҳисоби хурд ва фарсуда будани лӯлаҳои об аст, ки бояд иваз шаванд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter