Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23.11.2018 шаҳрванд Азратқулов Мунъим Соҳибқулович, бо тахаллуси «Мишел», 15.03.78 с/т, зода ва сокини н. Шуғнон, Ҷамоати деҳоти Сучон, деҳаи Даштак ҳангоми фирор намудан ба ш. Москваи Федератсияи Россия дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгир карда шуд.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, шаҳрванд Азратқулов М.С. санаи 05.01.2018 бо маслиҳати пешакӣ бо шарикаш шаҳрванд Гадомадов А.Ф. 06.11.88 с/т, зодаи ш.Хоруғ, маҳаллаи Хичордев, ба шаҳрванд Давлатов Х.Қ. сокини ш. Душанбе к.Клагенфурт хонаи 3/2 ҳуҷраи 51 бо истифода аз таппончаи тамғаи «Макаров» таҳдид намуда, аз ӯ маблағи пулиро дар ҳаҷми 9300 доллари ИМА ва 10 000 сомонӣ, ки ҷамъ бо пули миллӣ 92 000 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, ба шаҳрванд зарари махсусан калон расонида, бо ин кидораш ҷинояти дар моддаи 249 қисми 4 (Роҳзанӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудаанд. Номбурда айни ҳол ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Азратқулов М.С. қаблан барои содир намудани ғоратгарӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия аз ҷониби суди ноҳияи Никулинскийи шаҳри Москва ба ҷовобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шуда, номбурда дар муассисаи ислоҳии № 5 ш. Владимири вилояти Владимир ҷазои маҳрумӣ аз озодиро адо намудааст.
Тибқи тағийрот ва иловаҳое, ки ба моддаи 239 Кодекси ҷиноятии ҶТ, ки ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ ном дорад, қисми 2-юм илова карда шуда, мувофиқи моддаи мазкур агар ҳамин кирдор такроран ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад, бо маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 8 сол ҷазо дода мешавад.
Чуноне ки иттилоъ дода мешавад, айни ҳол ин модда аз 1 қисм иборат буда, ҷазои ҷиноятиро барои ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ бо ғарази шахсӣ ё занҷаллобӣ дар шакли ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазор то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 5 сол пешбинӣ менамояд. Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 50 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Инчунин, гуфта мешавад, ки ба қисмҳои 3 моддаҳои 138 (Таҷовуз ба номус) ва 139 (Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) бандҳои нав илова карда шуда, мувофиқи он ба Вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) гирифтор намудани ҷабрдида ҳамчун аломати вазнинкунандаи ин ҷиноятҳо эътироф карда мешавад.
Ҳамзамон, ба моддаи 141-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷазои ҷиноятиро барои алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳ нарасидааст, пешбинӣ менамояд, иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд. Дар натиҷаи кирдорҳои болозикр ба касалии зӯҳравӣ гирифтор намудани ҷабрдида ва ба Вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/ СПИД) гирифтор намудани ҷабрдида ҳамчун аломатҳои вазнинкунанда банду баст карда мешавад.
Бояд зикр кард, ки мувофики моддаи 125 Кодекси ҷиноятии амалкунандаи мамлакат шахсоне, ки бо роҳҳои гуногун нафари дигарро ба бемори ВИЧ/СПИД гирифтор мекунанд, ба мӯҳлати аз 2 то 10 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.
Вазири корҳои дохилии ҶТ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати шарҳ додани сабаби марги шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон Илҳомуддин Шоев ҳангоми бозпурсӣ дар шуъбаи полиси ноҳияи Вешнякии ш. Москва ба Вазири корҳои дохилии ФР генерали политсия Колоколсев В.А. барқия ирсол намуд.
Чуноне ки дар иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ гуфта мешавад, Рамазон Раҳимзода инчунин аз ҳамтои руси худ хоҳиш кард, ки санҷиши қазияи мазкур зери назорат қарор дода шавад.
Шаби 18 ба 19-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 01:30-дақиқа, шахсони номаълум ғайриқонунӣ ба хонаи истиқоматии бобои эшони Муҳриддин Ҳомидов, сокини 70-солаи ҷамоати деҳоти ба номи Кирови н.Вахш ворид шуда, бо олоти ба корд монанд ба ҳамсараш, зани 54-сола таҳдид намуда, 1-адад сандуқи оҳанинро, ки дар дохили он 6 ҳазору 350-доллари амрикоӣ ва 40000-сомонӣ буд, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Тавре аз маркази матбуоти ВКД ҶТ ба мухбири СССР хабар доданд, зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 4 нафар шаҳрвандон: 2 марди 24 ва 30-солаи сокинони н.Вахш ва 2 марди 28 ва 30-солаи сокинони н.Ҷ.Балхӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуданд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Бояд гуфт, ки ҳмачунин 1 ҳодиса 1 ҳафта пеш дар н.Ҷ.Балхӣ рух дода, дуздони роҳзан сокинони ҳам н. Ҷ.Балхӣ ва ҳам н.Вахш будаанд, ки ба таври оҷилӣ дастгир карда шудаанд.
Дар натиҷаи пешбурди 1 қатор суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳии кормандони милитсияи ш.Душанбе ҳафтаи сипаришуда боз 3 нафар шаҳрвандон, ки бо моддаи 307 иловаи 3 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ))-и Кодекси ҷиноятии ҶТ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштанд, бо кӯмаки кормандони милитсия бо изҳори пушаймонӣ ва бо хоҳиши худ ба Ватан баргашта, ба мақомоти милитсияи пойтахт ҳозир шуданд.
Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти РВКД дар ш.Душанбе хабар доданд, ин нафарон:
1. Маҳмудов Назрӣ Назирмадович, соли таваллудаш 1964, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, оиладор, номбурда аз 19-уми апрели соли 2016 бо моддаи 307 иловаи 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ ҳамчун гумонбар дар ҷинояти ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт;
2. Ҷобиров Олимҷон Ҳотамович, соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи н.Ҳисор, ҷамоати Алмосӣ, деҳаи Суғдиён, оиладор, аз санаи 17-уми октябри соли 2016 бо моддаи 307 иловаи 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ, ҳамчун гумонбар дар ҷинояти ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт;
3. Қосимов Бахтиёр Шарифович, соли таваллудаш 1979, зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, оиладор, соҳиби 3 фарзанд, аз санаи 22-юми майи соли 2017 бо моддаи 307 иловаи 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ, ҳамчун гумонбар дар ҷинояти ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт. Мавриди зикр аст, ки ба ғайр аз худи Бахтиёр Қосимов бо кӯмаки мақомоти милитсияи пойтахт ҳамсар ва 3 нафар фарзандони ноболиғи 3, 6 ва 10-солаи номбурда ба Ватан баргардонида шуд.
Бино ба иттилои тафтишот нафарони болозикргардида ҳамчун ҷинояткорони расман дар ҷустуҷӯ қарордошта давоми 3 сол, то ин вақт дар шаҳрҳои гуногуни кишварҳои хориҷӣ умр ба сар бурда, ҳафтаи сипаришуда бо кӯмак ва роҳнамоиҳои кормандони милитсияи ш.Душанбе аз кишварҳои гуногуни хориҷӣ ба Ватан баргардонида шудаанд. Зимни ба мақомоти милитсия ҳозир гардидан номбурдаҳо ба тафтишот изҳор доштаанд, ки аз кардаи худ сидқан пушаймон буда, аз сабаби гумроҳӣ шомили ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гардидаанд. Айни ҳол нисбати ҳамаи онҳо эзоҳи моддаҳои болозикргардидаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шуда, онҳо дар ҳузури хонавода, хешу табор, падару модар ва ҳамсару фарзандонашон қарор доранд.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур, Раёсати ВКД дар ш.Душанбе ба таври расмӣ ба иттилои кулли сокинон ва шаҳрвандоне, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд, мерасонад, ки дар ҳолати бо иқрори пушаймонӣ ва хоҳиши худ ҳозир гардидан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти милитсияи ш.Душанбе дар доираи дастуру супоришҳои президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон эзоҳи моддаҳои 401 иловаи 1 ва 307 иловаи 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.
Чунончӣ зикр гардид, дар давраи 10 моҳи соли ҷорӣ танҳо аз ҷониби милитсияи пойтахт 10 нафар сокинони ш.Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар, ки бо моддаҳои 401 иловаи 1 (Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони ҶТ ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухурди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо) ва 307 иловаи 3 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ))-и Кодекси ҷиноятии ҶТ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштанд, бо изҳори пушаймонӣ ва бо хоҳиши худ ба Ватан баргардонида шудаанд.
Шаби 10 ба 11 ноябри соли ҷорӣ шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи 1 сокини н.Ҷ.Балхӣ даромада, аз дохили хона 1 адад сандуқи оҳанинро, ки дар дохилаш ҷавоҳироти тиллоӣ, 1 адад планшет ва 300 доллари амрикоӣ буд, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.
Бино ба иттилои аз маркази матбуоти ВКД ҶТ ба мухбири СССР расида, зарари расонидашуда 17 000 сомониро ташкил дода, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 4 нафар мардони аз 24 то 30-солаи сокинони н.Ҷ.Балхӣ ва 1 нафар марди 30-солаи сокини н.Вахш бо гумони дуздӣ дастгир карда шуданд. Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар