ХАБАРИ ДОҒ

Ҷазои барои даллагӣ сангинтар мешавад

  • Панҷшанбе, Нояб 29 2018


   Тибқи тағийрот ва иловаҳое, ки ба моддаи 239 Кодекси ҷиноятии ҶТ, ки ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ ном дорад, қисми 2-юм илова карда шуда, мувофиқи моддаи мазкур агар ҳамин кирдор такроран ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад, бо маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 8 сол ҷазо дода мешавад.
   Чуноне ки иттилоъ дода мешавад, айни ҳол ин модда аз 1 қисм иборат буда, ҷазои ҷиноятиро барои ташкил ё  нигаҳдошти фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ  бо ғарази шахсӣ ё занҷаллобӣ дар шакли ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазор то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳрум  сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 5 сол пешбинӣ менамояд. Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 50 сомонӣ муқаррар гардидааст.
   Инчунин, гуфта мешавад, ки ба қисмҳои 3 моддаҳои 138 (Таҷовуз ба номус) ва 139 (Ҳаракати зӯроварии дорои  хусусияти шаҳвонӣ) бандҳои нав илова карда шуда, мувофиқи он ба Вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) гирифтор намудани ҷабрдида ҳамчун аломати вазнинкунандаи ин ҷиноятҳо эътироф карда мешавад.
    Ҳамзамон, ба моддаи 141-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷазои ҷиноятиро барои алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳ нарасидааст, пешбинӣ менамояд, иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд. Дар натиҷаи кирдорҳои болозикр ба касалии зӯҳравӣ гирифтор намудани ҷабрдида ва ба Вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/ СПИД) гирифтор намудани ҷабрдида ҳамчун аломатҳои вазнинкунанда банду баст карда мешавад.
   Бояд зикр кард, ки мувофики моддаи 125 Кодекси ҷиноятии амалкунандаи мамлакат шахсоне, ки бо роҳҳои гуногун нафари дигарро ба бемори ВИЧ/СПИД гирифтор мекунанд, ба мӯҳлати аз 2 то 10 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.








ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter