Вазорати корҳои дохилии мамлакат мегӯяд, ки тайи рӯзҳои 4-5-уми июли соли 2018, 4 ҳолати ғарқшавии ноболиғон ба қайд гирифта шудаааст, ки ҷой доштани чунин ҳодисаҳо боиси нигаронӣ мебошад. Аз он ҷумла, рӯзи 4.07.2018 тахминан соати 21:00-дақиқа, хурдсол, Абдураҳмонов Юсуфҷон Бурҳонович, соли таваллудаш 2016, сокини деҳаи Зарафшони н.Кӯшониён, аз беназорат мондани волидонаш, ба ҷӯйбори обгузари назди хонаашон афтида, ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 4.07.2018 тахминан соати 15:30-дақиқа, хурдсол, Тангирова Арофат Шуҳратовна, соли таваллудаш 2015, сокини н.Қубодиён аз беназорат мондани волидонаш, ба ҷӯйбори обгузари назди хонаашон афтида, ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст.
Санаи 5.07.2018 тахминан соати 11:35-дақиқа, хурдсол, Ҷилоева Суман Расуловна, соли таваллудаш 2015, сокини ш.Бохтар аз беназорат мондани волидонаш, ба ҷӯйбори обгузари назди хонаашон афтида, ғарқ шудааст. ИНчунин, дар ин рӯз тахминан соати 16:45-дақиқа, ноболиғ, Воҳидов Сиёвуш Баҳриддинович, соли таваллудаш 2010, сокини ш.Душанбе, дар осоишгоҳи кӯдаконаи касалиҳои сили “Қаратоғ”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Шаҳринави н.Шаҳринав ҳангоми оббозӣ карданаш дар ҳавзи осоишгоҳи мазкур аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми волидон хоҳиш менамояд, ки дар чунин фасли зебои сол, ки мавсими гаштугузор ва фароғату истироҳати кӯдакону ноболиғон аст, фарзандони худро беназорат нагузоранд ва ҳар 1 ҳаракати онҳоро зери назорати доимӣ қарор диҳанд.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии ҶТ барои дағалона вайрон кардани оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба 2 нафар кормандони милитсия ҷазои «Танбеҳ» татбиқ намуд. Ин татбиқи ҷазо пас аз баррасии хабари Ҷамшед Олимов, ки 18 июни соли равон дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» таҳти унвони «Ба Вазорати корҳои дохилӣ ва 2212121 эътимод надорам» дарҷ гардида, амалӣ шуд. Дар он оид ба лату кӯби 1 мард аз ҷониби шахси номаълум ва дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар ноҳияи И.Сомонии ш. Душанбе хабар дода мешуд.
Ба иттилои аз маркази матбуоти ВКД ҶТ расида, зимни санҷиши хизматӣ муайян карда шуд, ки маълумоти мазкурро 16 июни соли 2018, соати 14:30 навбатдори фаврии қисми навбатдории шуъбаи ВКД дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе, капитани милитсия М.С. Одинаев қабул карда, ба ҷои сари вақт гурӯҳи фаврӣ-тафтишотиро ба ҷои ҳодиса равон кардан танҳо ваколатдори фаврии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии шуъбаи мазкур, майори милитсия М.И. Асоевро равон кардааст, ки номбурда сари вақт ба ҷои ҳодиса ҳозир нашудааст.
Барои дағалона вайрон кардани оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилӣ ва Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили хизмати басти навбатдории шабонарӯзӣ дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбат ба ваколатдори фаврии шӯъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ, майори милитсия М.И. Асоев ва навбатдори фаврии қисми навбатдории ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ, капитани милитсия М.С. Одинаев ҷазои интизомии «танбеҳ» татбиқ карда шуд.
Маркази матбуоти ВКД ҶТ мегӯяд, ин ниҳод 2 кормандашро барои беэътиноӣ ба муроҷиати шаҳрвандон, ҷазо додааст. Ҷазои ин 2 нафар бар асоси шикояти 1 корбари шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" сурат гирифтааст. Тибқи иттилоъ, Ҷамшед Олимов 16 июл ба телефони боварии Рамазон Раҳимзода-вазири корҳои дохилӣ занг зада, оид ба латукӯби 1 марди номукаллаф аз ҷониби шахси номаълум хабар додааст… Ва 2 масъули пулис дар ноҳияи И.Сомонӣ барои нақзи муқарраротҳои ин ниҳод муҷозот шуда, "танбеҳ" гирифтанд…
Дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-ӣ шаҳри Бохтар ҷавонписаре аз рашк ҳамсарашро ба қатл расонида, фарзандашро ятим гузошт. Бино ба маълумоти дарёфтӣ, Муҳсиддинова Бибизиёдамоҳи 29-сола, ки дар яке аз ошхонаҳои бозори «Ҳоҷӣ Шариф» ба ҳайси пешхизмат кор мекард, ӯро ҳамсараш Қурбонов Раҳмоналии 23-сола аз ҳиссиёти рашку бадбинӣ соатҳои 09:20 дақиқа дар назди мардум бо корд якчанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст. Дар натиҷа Бибизиёдамоҳ ҷароҳатҳои вазнини ҷимонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии шаҳри Бохтар ба номи Бури Воҳидов ҷон бохт. Гуфта мешавад, Қурбонов дар давоми зиндагӣ бо Бибизиёдамоҳ соҳиби 1 фарзанд будааст. Ӯ сокини ноҳияи Рӯдакӣ асту муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар ва айни ҳол аз ҷониби кормандони милитсия ШВКД-и шаҳри Бохтар, дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар