ХАБАРИ ДОҒ

Танбеҳи Раҳимзода ба 2 милиса пас аз шикоят дар Фейсбук

  • Ҷумъа, Июл 06 2018


  Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии ҶТ барои дағалона вайрон кардани оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба 2 нафар кормандони милитсия ҷазои «Танбеҳ» татбиқ намуд. Ин татбиқи ҷазо пас аз баррасии хабари Ҷамшед Олимов, ки 18 июни соли равон дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» таҳти унвони «Ба Вазорати корҳои дохилӣ ва 2212121 эътимод надорам» дарҷ гардида,  амалӣ шуд. Дар он оид ба лату кӯби 1 мард аз ҷониби шахси номаълум ва дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар ноҳияи И.Сомонии ш. Душанбе хабар дода мешуд.
   Ба иттилои аз маркази матбуоти ВКД ҶТ расида, зимни санҷиши хизматӣ муайян карда шуд, ки маълумоти мазкурро 16 июни соли 2018, соати 14:30 навбатдори фаврии қисми навбатдории шуъбаи ВКД дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе, капитани милитсия М.С. Одинаев қабул карда, ба ҷои сари вақт гурӯҳи фаврӣ-тафтишотиро ба ҷои ҳодиса равон кардан танҳо ваколатдори фаврии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии шуъбаи мазкур, майори милитсия М.И. Асоевро равон кардааст, ки номбурда сари вақт ба ҷои ҳодиса ҳозир нашудааст.
   Барои дағалона вайрон кардани оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилӣ ва Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили хизмати басти навбатдории шабонарӯзӣ дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбат ба ваколатдори фаврии шӯъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ, майори милитсия М.И. Асоев ва навбатдори фаврии қисми навбатдории ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ, капитани милитсия М.С. Одинаев ҷазои интизомии «танбеҳ» татбиқ карда шуд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter