ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Май 02 2018


Қурбонов Дӯстмурод Маҳмадраҳимович дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти «Ориён»-и ш.Ҳисор кор карда, барои ҷудо карда, додани 0.12 га. қитъаи замин барои сохтмони бошишгоҳи саҳроӣ аз ҳудуди заминҳои ҷамоати мазкур аз шаҳрванд «А» маблағи 1500 $ ИМА талаб намудааст.
Аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо  корруптсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Қурбонов Дустмурод Маҳмадраҳимович дар роҳи деҳаи Булбулчашмаи Ҷамоати деҳоти Ҳисори ш.Ҳисор ҳангоми аз шаҳрванд «А» талаб карда гирифтани маблағи 1500 $ ИМА дастгир карда шуда, 1500 $ ИМА аз дохили автомашинаи шахсиаш ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд. Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Қурбонов Дӯстмурод Маҳмадраҳимович бо моддаи 247 қисми 2 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

CCCР


Панҷшанбе, Апр 26 2018


Ҳуқуқшиноси н.Шаҳритус бо пора дар ӯтоқи кориаш аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупцияи ҶТ боздошт шудааст. Як манбаъи СССР аз ҳукумати ноҳия дар сӯҳбат ин хабарро тасдиқ карда гуфт, ки Содиқов Абдулмаҷид-ҳуқуқшиноси ҳукумати ноҳияро рӯзи 24 апрел тақрибан соатҳои 15:40 дақиқа баъд аз пора гирифтанаш ба миқдори 5500 сомонӣ аз сокини ҷамоати деҳоти “Пахтаобод” кормандони коррупция боздошт намуданд. Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки ҳангоми боздошт аз ӯтоқи кории ӯ қарорҳои раиси ноҳия барои ҷудо намудани заминҳои наздиҳавлигӣ низ пайдо кардаанд. Гуфта мешавад, ки Содиқов зодаи н.Ёвон буда, қариб 3 сол пеш ба ин ноҳия оиладор шуда, ба вазифаи ҳуқуқшинос фаъолият намуда, то ин ҷониб дар вазифаҳои гуногуни прокуратура низ фаъолият кардааст.

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Шанбе, Апр 21 2018


Раёсати БДА ҶТ тариқи нашри 1 эълон аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёте, ки шишаҳояшон сиёҳу хиракардашуда аст, хоҳиш кардааст, ки ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар накунанд. Сафар намудан ба ин кишвар бо автомашинаҳои сиёҳшиша тибқи қонунгузорӣ ва қоидаҳои амалкунанда он қатъиян манъ аст.
 РБДА ВКД ҶТ аз тамоми ронандагон эҳтиромона хоҳиш ва талаб менамояд, ки ба қоидаҳои ҳаракати роҳ ва дигар меъёрҳои амалкунандаи ин кишвар риоя ва итоат намоянд.



Ҷумъа, Апр 20 2018


Додгоҳи вилояти Хатлон 5 нафар сокини ноҳияи Ёвонро 16 сол зиндонӣ кард. Самадов Нодирхон, Холов Маҳмасаид, Баротов Бунёд, Файзуллоев Сафарали ва Милошевич Сергей аз соли 2012 то моҳи октябри соли 2015 ба ҷараёни экстремистии «Салафия» шомил гардида ҷиноят содир намуданд. Чунончӣ, Самадов Нодирхон таввассути барномаҳои телевизионии  «Калима ТВ, Висоли ҳақ, Нур,» оид ба ақидаҳои ҷараёни экстремистии «Салафия» маълумот пайдо намуда, баъди  аз худ намудани ақидаҳои «Салафия» байни сокинони ноҳия Ёвон аз соли 2012 то 2015 ташвиқоту тарғибот бурдааст…

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Ҷумъа, Апр 20 2018


Маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе хабар медиҳад, ки дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок ҳафтаи сипаришуда, яъне аз санаи 10 то 16 апрели соли ҷорӣ, дар ҳудуди ш.Душанбе 3500 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
   Аз ҷумла:
-Идоранамудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 5 адад;
-Бе рақами қайди давлатӣ – 16 адад;
-Идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 4 адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда – 135 адад;
-Истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 115 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 13 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оиди манъ кардани воситаи нақлиёт – 19 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 84 адад;
-Худсарона баромадан аз хати сайр – 49 адад;
-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 65 адад;
-Вазъияти хавфнок – 17 адад;
-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 174 адад;
-Ҳаракати гуруҳӣ – 7 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон –802 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 1 990 адад;
-Ба ҷармагоҳ дастрас карда шуд – 30 адад.
   Дар ин муддат аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои мошингарди пойтахт 5 ҳолати идораи автомобил дар ҳолати мастӣ ошкор ва муайан карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб карда шуд. Инҳо Холов Холмурод Сафаралиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 0999ВА 07, Маҳмадшарифов Умедҷон Маҳмадзарифович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 9386СР01, Алиев Қудратулло Абдусаломович – ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай, рақами қайди давлатиаш 5771ТТ05, Батиров Музаффар Муратович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Зефира, рақами қайди давлатиаш 1597СР01 ва Салимов Сайруддин Саидҷаъфарович – ронандаи автомашинаи тамғаи Ваз-21099, рақами қайди давлатиаш 3469ВЕ07 мебошанд.


 

Панҷшанбе, Апр 19 2018

ВКД ҶТ аз боздошти 1 сокини н.Н.Хусрав, ки набераи 2 –солаашро бар ивази $100-ру 1200 сомонӣ ба 1 шахси дигар, сокини н.Қубодиён фурӯхтааст, хабар медиҳад.
Бино ба итиллои сомонаи расмии ВКД ҶТ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 49-солаи сокини н.Н.Хусрав, рӯзи 20.03.2016 набераи ноболиғи худро, ки духтарча буда, санаи 11.04.2014 таваллуд шудааст, (фарзанди духтари 25-солааш)-ро ба зани 35-солаи сокини н.Қубодиён, ба маблағи 100-доллари амрикоӣ ва 1200-сомонӣ фурӯхта, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Зани гумонбар дар хариду фурӯши ноболиғ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


саҳ 30 аз 83

Китобҳо

Flag Counter