Қурбонов Дӯстмурод Маҳмадраҳимович дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти «Ориён»-и ш.Ҳисор кор карда, барои ҷудо карда, додани 0.12 га. қитъаи замин барои сохтмони бошишгоҳи саҳроӣ аз ҳудуди заминҳои ҷамоати мазкур аз шаҳрванд «А» маблағи 1500 $ ИМА талаб намудааст.
Аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корруптсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Қурбонов Дустмурод Маҳмадраҳимович дар роҳи деҳаи Булбулчашмаи Ҷамоати деҳоти Ҳисори ш.Ҳисор ҳангоми аз шаҳрванд «А» талаб карда гирифтани маблағи 1500 $ ИМА дастгир карда шуда, 1500 $ ИМА аз дохили автомашинаи шахсиаш ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд. Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Қурбонов Дӯстмурод Маҳмадраҳимович бо моддаи 247 қисми 2 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.
CCCР