ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Апр 04 2018


   Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар сомонаи худ дар бораи ёфт шудани писарбачаи тахминан 4-5 сола, ки худро Кароматулло номидааст, хабар медиҳад.
   Бино ба итиллои маркази матбуоти ин ниҳод, рӯзи 27.03.2018 кормандони милитсия писарбачаи 4-5-соларо дарёфт кардаанд, ки номашро Кароматулло номида, дар куҷо будани хонаашонро намедонад. Писарбача номи падарашро Қурбон ва модарашро Зебо мегӯяд. Писарбача айни замон дар Қабулгоҳ-тавҳилгоҳи ХПҲНҶ ВКД нигаҳдорӣ карда мешавад.
   Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар муайян намудани шахсияти писарбача ва ба волидонаш расонидани ӯ ҳамкорӣ намоянд. Нафароне, ки ӯро мешиносанд, метавонанд ба рақами телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21 ва ё 93 922 84 -74 занг зананд.

Душанбе, Март 19 2018


1 сокини 31-солаи деҳаи Тудабоёни н.Ҳамадонӣ, ки гирифтори бемории рӯҳӣ будааст, аз ҷониби кормандони милитсия бо ҷурми одамкушӣ дастгир шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, номбурда, рӯзи 16.03.2018, тахминан соати 14:30 дақиқа дар ҳавлии истиқоматиаш бе ягон асос ҳамсари 24-сола ва 2 духтарчаи хурдсоли 3 ва 4-солаашро бо бели дар дасташ буда, ба сару баданашон якчанд маротиба задааст. Баъдан, номбурда ҳаракатҳои ҷинояткоронаашро давом дода, ба ҳавлии истиқоматии ҳамсояҳояш: зани 53-сола, соҳиби 5-фарзанд ва зани 36-сола, соҳиби 3-фарзанд, даромада, бе ягон асос бо бели дар дасташ буда, якчанд маротиба ба узвҳои баданашон задааст. Дар натиҷа духтари хурдсоли 3-солааш ва ҳамсояаш зани 53-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи марказии ноҳия дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидаанд. Ҳамсар, духтари 4-солааш ва зани 32-солаи ҳамсояаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.


Панҷшанбе, Март 15 2018

Вазорати корҳои дохилии ҶТ бо нашри 1 иттилоия задухӯрди тоҷирони тоҷику ӯзбекро дар бозори ш.Конибодом беасос номид. Бино ба хабари аз маркази матбуоти ВКД ҶТ ба СССР расида, бо дастури Раҳимзода Рамазон Ҳамро ин хабару овозаҳо, ки гӯё барои коҳиш додани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозори ш.Конибодом ворид кардани орду шакар ва равғани истеҳсоли кишвари ҳамсоя, байни тоҷирони тоҷику ӯзбек муноқиша сар задаст, мавриди омӯзишу санҷиш қарор дода шуд. Дар натиҷа маълум гашт, ки хабари мазкур бардурӯғ ва иғвобарангез буда ба ҳақиқат наздикӣ надорад. Рафтуомади шаҳрвандони ноҳияҳои наздисарҳадии 2 кишвари бо ҳам бародар дӯстона давом дошта, то ба имрӯз ягон ҳолати муноқишаи байни шаҳрвандон ва тоҷирон тоҷику ӯзбек сари арзоншавии нархи маҳсулот ба қайд гирифта нашудааст.

СССР

Чоршанбе, Март 14 2018


ВКД ҶТ маълумоти дар шабакаҳои интернетӣ дарҷ шуда вобаста ба ошкор шудани 3 тонна гӯшти хар дар роҳ ба сӯи Душанберо мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ин хабар асоси воқеӣ надорад. Барои дастгир ва муайян намудани ашхосе, ки ба Тоҷикистон маҳсулоти пастсифат ворид менамоянд ва ё маҳсулоти бесифатро ба фурӯш мебароранд, аз ҷониби кормандони милитсия мунтазам чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида мешавад. Бино ба иттилои аз маркази матбуоти ВКД ҶТ ба СССР расида, дар натиҷаи чунин чорабиниҳо муайян карда шуд, ки шаҳрванд Ҷӯраев Олим Шарифбоевич, соли таваллудаш 1985, сокини н.Рӯдакӣ, 1 қисми ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Қодиров Маҳмуд Абдумуминович, соли таваллудаш 1980, сокини н.Б.Ғафуровро ба иҷора гирифта, аз Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳи қочоқ гӯшти қимакардашуда ворид намуда, баъдан онро ба ш.Душанбе ба корхонаҳои истеҳсоли ҳасиб фиристодааст. Маҳсулоти воридкардаи ӯ ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат ва бехатариро надорад. Дар натиҷаи амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва азназаргузаронии манзили истиқоматии Қодиров 50 қуттӣ ба вазни умумии 500 кг гӯшти қиммаи мурғ истеҳсоли Қазоқистон пайдо карда гирифта шуд, ки дар ҳолати антисанитарӣ нигоҳ дошта мешуд ва ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифатро надошт. Ҳамчунин дар дидбонгоҳи БДА ШВКД-и ҶТ дар н.Айнӣ худи шаҳрванд Қодиров дастгир карда шуд, ки ӯ 1500 кг гӯшти қимаи мурғро бо супориши Ҷӯраев бо автомашинааш тамғаи «Мерседес-Спринтер» ба ш.Душанбе интиқол доданӣ буд. Тибқи хулосаи ташхиси озмоишии санитарӣ-бактериологии Маркази назорати давлатии санитарию-эпидемиологии ш.Хуҷанд, №45 аз 22.02.2018 маҳсулоти гирифташуда, яъне 2000 кг гӯшти қимаи мурғ ба маблағи 26.000 сомонӣ ба талаботи бехатарии ҳаёт ва саломатии инсон ҷавобгӯ нест. Дар асоси маводҳои таҳиякардашуда нисбати Ҷӯраев аз ҷониби Прокуратураи н.Б.Ғафуров бо моддаи 209, қисми 1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Чоршанбе, Март 14 2018


Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе аз боздошти 13 нафар ҷавонон хабар медиҳад, ки онҳо тахминан соатҳои 4 ба 5-и субҳи 10.03.2018 дар дохили тарабхонаи «Галакси», воқеъ дар ноҳияи И.Сомонӣ бо рафтори дағалона ва суханҳои қабеҳ ба авбошӣ роҳ дода, ҳамдигарро латукӯб кардаанд. Баъди ба ҷои ҳодиса ҳозир гардидани кормандони милитсия ҷавонон боз ба ҳаракатҳои ғайриқонуниашон идома дода, ба талаботи кормандони милитсия итоат накарданд. Сипас гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ин 13 нафарро, ки ба ҳаракатҳои майдаавбошӣ даст задаанд, ба мақомоти милитсия мебаранд. Дар натиҷа нисбати ҳар кадоме аз онҳо бо дастрасии моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (майдаавбошӣ) парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳар кадоме бо Қарори Суди н.Шоҳмансур ба мӯҳлатҳои аз 5 то 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудаанд. Дар байни боздоштшудагон Қодиров Абдулло Хайруллоевич, соли таваллудаш 19.10.1985 сокини ш.Душанбе, Маҳмадиев Маҳмадраҷаб Илҳомидинович, соли таваллудаш 07.01.1992, сокини ш.Душанбе, Ҷумаев Искандар Салимович, соли таваллудаш 1986, сокини ш.Душанбе, Аҳлиддини Додарбек, соли таваллудаш 01.02.1991 сокини ш.Душанбе, Гулов Диловар Шералиевич (писари Гул Шералӣ-собиқ вазири энергетика), соли таваллудаш 18.04.1996, сокини ш.Душанбе, Давлатшоев Саидакрам Абдуллоевич, соли таваллудаш 15.04.1992 зода ва сокини н.Данғара, Нуруллозода Дилшод, соли таваллудаш 15.07.1991 зода ва сокини ш.Ҳисор, Тағоев Темур Усмонович, соли таваллудаш 06.08.1978 сокини ш.Душанбе, Ашуров Набиҷон Ҷумахонович, 25.08.1995 сокини ш.Кӯлоб, Умаров Акмал Акбарович, соли таваллудаш 06.04.1996 сокини ш. Душанбе, Абдуллоев Раҳматулло Маҳмадуллоевич, соли таваллудаш 26.04.1986, сокини ш.Душанбе, Раҳматов Акмал Акрамович, соли таваллудаш 1993, сокини ш.Душанбе ва Раҳматов Акбар Акрамович, соли таваллудаш 07.01.1996 сокини ш.Душанбе мебошанд.

саҳ 31 аз 83

Китобҳо

Flag Counter