ХАБАРИ ДОҒ

Шаҳрванди хитоӣ арақӣ сунъӣ месохту мефурӯхт

  • Чоршанбе, Апр 18 2018

 Бино ба итиллои маркази матбуоти ВКД ҶТ расида, дар натиҷаи азназаргузаронии манзили муваққатан ба иҷора гирифтаи шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой Чжан Хайлиан, воқеъ дар к.Телмани н.Исмоили Сомонӣ, ки ба корхонаи хиштбарорӣ тааллуқ дорад, ошкор карда шуд, ки номбурда бе шаҳодатномаи бақайдгирӣ фаъолияти соҳибкорӣ намуда, бо роҳи сохтакорӣ ба фиреби истеъмолкунандагон машғул аст.
Чунончӣ, зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки гумонбаршаванда аз моҳи марти соли 2018 бо мақсади ба даст овардани маблағ машруботи спиртӣ бо навиштаҷоти махсус, ки гуё дар Ҷумҳурии Халқии Хитой истеҳсол шуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, дар муҳити хона бе риояи талаботҳои санитарию гигиенӣ ва бо истифода аз тамғаи моли ширкати бегона машруботи спиртиро дар зарфҳои махсус ҷойгир намуда, ба фурӯш баровардааст. Зимни азназаргузаронии манзили истиқоматии мазкур 37-адад зарфҳои полиэтилении ғунҷоишаш 5-литра, 2-адад зарфи 20-литра, зиёда аз 600-адад зарфҳои шишагини ғунҷоишашон 0.5 литра ва шумораи хеле зиёди сарпӯши зарфҳо, инчунин тамғаи молӣ бо навиштаҷоти махсус (YANSHNJIO) ва дигар маҳсулотҳои зарурӣ дарёфту мусодира карда шудаанд.
Мувофиқи хулосаи Агентии стандартизатсия ва сертификатсияи нозироти савдо машруботи спиртии мусодирашуда аз рӯи нишондодҳои органолептикӣ (намуди зоҳирӣ, ранг, бӯй ва мазза) ба талаботи меъёрии спирти этилӣ мутобиқ набуда, ба истеъмол тавсия дода намешавад.
Айни замон нисбати ин шаҳрванди хитоӣ тибқи талаботи моддаи 32 қисми 3 ва 294 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter