Имрӯз 2.02.2018, дар Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Тағойзода Сайвали-сардори Раёсати агентӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар соли 2017 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ 3 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дастгир ва 18 нафари дигарро безарар гардонида, аз онҳо 842 гр маводи мухаддира мусодира карда шудааст.
Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон
Нурализода Нуралӣ дар вазифаи иҷрочии калони суди н. Бохтар кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ба боварии шарванд Шохимардонов С. даромада, аз ӯ 10,000 сомонӣ талаб намудааст. Аз маблағи талабнамудааш 4000 сомониашро гирифта, ҳангоми гирифтани 6000 сомонии боқимонда дастгир мешавад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Нурализода Нуралӣ Тоҳир хангоми аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 6000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Дар пайи тасдиқи ин хабар аз ҳукумати н.Бохтар, нисбати Нурализода Нуралӣ Тоҳир бо моддаи 247, қисми 3, банди «а»-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда , таҳқиқ идома дорад.
Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон
Дар ноҳияи Восеъ дар натиҷаи истеъмоли ҳасиби сохти тоҷикӣ 1 нафар ба ҳалокат расид.
Бино ба иттилои Хушвақт Машрабзода, прокурори минтақаи Кӯлоб, рӯзи 27-уми декабри соли гузашта, 1 оила аз рустои Кадучии н.Восеъ баъди истеъмоли ҳасиб ҳамагӣ ба беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гаштаанд. 1 кудаки 2-сола аз ҳамин оила дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ба гуфтаи Машрабзода, истеҳсолкунандаи ҳасиб ҷамъияти саҳомии «Орзу-2004» дар шаҳри Кӯлоб будааст. Дар ин маврид, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 209, қисми 2 оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ба гуфтаи манбаъ, барои аввалин маротиба нест, ки одамон баъди истеъмоли ҳасиб аз ҳамин корхона гирифтори беморӣ гаштаанд. Ҳамин гуна ҳодиса ҳанӯз 13 декабри ҳамон сол дар ш.Кӯлоб ҳам ба қайд гирифта шуда буд. Дар ин маврид ҳам дар прокуратураи ш.Кӯлоб парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ба иттилои Машрабзода, прокурори минтақаи Кӯлоб барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда, кормандони ин мақомот дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти давлатӣ дар шаҳру навоҳии минтақа рейду санҷишҳо гузаронида, нисбати қонунвайронкунандагон 27 парвандаи маъмурӣ ва 5 парвандаи ҷиноятӣ ба анҷом расонидаанд.
Танҳо дар соли сипаришуда дар прокуратураи шаҳру навоҳии Кӯлоб 24 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 24 тан аз шаҳрвандони ин минтақа парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 307 ва 401-и кодекси ҷиноятии ҶТ оид ба терроризм оғоз гардидааст.
«Барои халалдор нарасонидан ба тафтишоти прокурорӣ ному насаби ҷинояткорон ошкор намешавад», гуфт прокурори минтақаи Кӯлоб Хушвақт Машрабзода. Дар ҳамин ҳол, 32 нафар аз сокинони минтақа бо оилаҳошон дар кишварҳои арабӣ барои дарсомӯзӣ, ё ба истилоҳ толибилм будаанд. Мавсуф гуфт, шумораи умумии «толибилмон» дар кишварҳои арабиву ҳам Ирон 89-нафар будааст. Аз ин шумора 57-нафарашон бо аҳли оила дар соли гузашта бозпас оварда шудаанд, вале 32 тани дигар ҳанӯз барнагаштаанд. Нисбати 4 тани дигар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Аслиддин Достиев,
СССР, Кӯлоб
Ҳафтаи сипаришуда кормандони Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар ш.Душанбе бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ 1 қатор корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ доир намуда, бо мақсади танзими воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, ошкор ва муайян намудани вайроннамоии қоидаҳои ҳаракати роҳ маҷмӯи чорабиниҳои пешгирикунанда баргузор намуданд. Дар натиҷа якчанд далели вайроннамоии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби масъулини Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муайян гардид.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти РВКД хабар доданд, дар доираи баргузории 1 амалиёт, ки давоми 3 руз баргузор гардид, аз ҷониби нозирони роҳ 2234 адад ҳуқуқвайронкунӣ муайян, ошкор ва ба қайд гирифта шуд.
Зимни доир намудани амалиёти мазкур 5 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ муайян ва ошкор карда, баъди гузаронидани санҷишҳои соҳаи тандурустӣ оиди дар ҳолати мастӣ қарор доштани ронандагон нисбаташон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, автомошинаҳои ронандагони сархуш ба майдончаи ҷаримавии Шӯъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ворид карда шуд.
Инҳо шаҳрвандон: Алиев Толибҷон Исломович ронандаи автомошинаи тамғаи Матиз, аломати қайди давлатиаш 0998ЕЕ01
Ҳайдаров Насрулло Анварбекович – ронандаи автомашинаи Опел-Астра, аломати қайди давлатиаш 1208СТ01
Тадҷихолов Улмасхон Ҳомидович – ронандаи автомашинаи мусофиркаши тамғаи Старекс, аломати қайди давлатиаш 4254ТТ05
Баҳодурзода Фаридун Асрор – ронандаи автомашинаи тамғаи Ласети , аломати қайди давлатиаш 4968ТТ05
Турдиев Неъмалло Наманович – ронандаи автомошинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 7840АА01.
Роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии ш. Душанбе бо мақсади қадршиносии корнамоии 2 нафар ҷавонон-Қодиров Абдулло Мухторҷонович, соли тавалудаш 1991 ва Ҳабибуллои Абдураҳмон, соли таваллудаш 2000, сокинони н.Фирдавсии ш.Душанбе, ки бо нишон додани сифатҳои баланди инсонӣ, аз қабили далерию ҷасурӣ ва ҷавонмардӣ ҳаёти 1 нафар ҷавонзани 19-соларо аз марг наҷот доданд, ҷаласаи тантанавӣ баргузор намуд.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, дар вазъияти тантанавӣ сардори РВКД дар ш.Душанбе генерал-майори милитсия Шариф Назарзода шаҳрвандон Абдулло Қодиров ва Ҳабибуллои Абдураҳмонро барои нишон додани ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва масъулиятшиносӣ бо «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ - соати дастӣ қадршиносӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки санаи 16.01.2018, тахминан соатҳои 11:30-дақиқа, ҷавонзани 19 сола, сокини ш.Душанбе аз болои пули назди Корхонаи нассоҷии ш.Душанбе бо мақсади худкушӣ худро ба дарёи Душанбе сарозер кардааст, ки дар натиҷа аз ҷониби 2 нафар шаҳрвандон Абдулло Қодиров ва Ҳабибуллои Абдураҳмон наҷот дода шудааст.
Тавре номбурдагон изҳор доштанд, замоне, ки дар ҷои ҳодиса ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буданд, ҷавонзан худро аз болои пул ба дарёи Душанбе сарозер мекунад. Дар ин лаҳза шаҳрвандон Абдулло Қодиров ва Ҳабибуллои Абдураҳмон бо нишон додани ҷасорати мардонагӣ ва қарзи инсонӣ ба сардии ҳавои зимистон нигоҳ накарда вориди дарёи Душанбе шуда, ҷавонзани бо марг дасту гиребондоштаро аз дохили об берун меоранд. Дар натиҷа гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Шуъбаи 2 ВКД дар н.Фирдавсии ш.Душанбе ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида, ҷавонзани сармозадаро ба беморхона дастрас менамоянд, ки боиси зиндаву саломат мондани ҷавонзан мегардад.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар