Дар ноҳияи Восеъ дар натиҷаи истеъмоли ҳасиби сохти тоҷикӣ 1 нафар ба ҳалокат расид.
Бино ба иттилои Хушвақт Машрабзода, прокурори минтақаи Кӯлоб, рӯзи 27-уми декабри соли гузашта, 1 оила аз рустои Кадучии н.Восеъ баъди истеъмоли ҳасиб ҳамагӣ ба беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гаштаанд. 1 кудаки 2-сола аз ҳамин оила дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ба гуфтаи Машрабзода, истеҳсолкунандаи ҳасиб ҷамъияти саҳомии «Орзу-2004» дар шаҳри Кӯлоб будааст. Дар ин маврид, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 209, қисми 2 оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ба гуфтаи манбаъ, барои аввалин маротиба нест, ки одамон баъди истеъмоли ҳасиб аз ҳамин корхона гирифтори беморӣ гаштаанд. Ҳамин гуна ҳодиса ҳанӯз 13 декабри ҳамон сол дар ш.Кӯлоб ҳам ба қайд гирифта шуда буд. Дар ин маврид ҳам дар прокуратураи ш.Кӯлоб парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ба иттилои Машрабзода, прокурори минтақаи Кӯлоб барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда, кормандони ин мақомот дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти давлатӣ дар шаҳру навоҳии минтақа рейду санҷишҳо гузаронида, нисбати қонунвайронкунандагон 27 парвандаи маъмурӣ ва 5 парвандаи ҷиноятӣ ба анҷом расонидаанд.
5 парвандаи ҷиноятӣ барои истеҳсоли маҳсулоти бесифат
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар